Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сухане дорам..." Озмуни нави Радиои Озодӣ


Ҳар инсон ҳақ дорад, фикру андешае дошта бошад ва онро баён намояд. Тамоми қонунҳо ба инсон ҳақ медиҳанд, сухани худро озодона баён дорад. Бо умеди он ки шояд ин сухан ба гӯши шунавое расад ва ба дарде даво шавад, роҳеро ба сӯйи хушбахтӣ боз намояд.

Бо унвони “Сухане дорам...” Радиои Озодӣ озмуни беҳтарин суханонро эълон мекунад. Ҳар яки шумо метавонед, сухани худро дар телефон сабт карда, ба Радиои Озодӣ фиристед. Дар ин маврид шарте ба ғайр аз риояи қонун ва одоб талаб карда намешавад.

Мавзуъ озод ва тӯли видеоҳо номаҳдуд аст: ҳар чизе, ки Шумо муҳим медонед, бояд ба гӯши ҷаҳониён расад ва ба инсонҳои дигар мадад кунад. Ин метавонад изҳори дард бошад ё хурсандӣ, машварату насиҳат ба дигарон ё таҷрибаи бобарори Шумо, мушкили худу ҳамсоягон ё дастоварди онҳо, пешниҳоде барои беҳбуди рӯзгори мардум ё норозигӣ аз ягон қонуншиканӣ, хулоса, ҳар чизе, ки фикр мекунед, дигарон бояд аз он бохабар бошанд. Сухан ҳақ, созанда ва ибратбахш.

Беҳтарин сухан ба гӯяндагони он ҷоизаҳои гаронбаҳо хоҳад овард:

  • Ҷойи якум – видеокамераи нимаҳирфаӣ
  • Ҷойи дувум – навтарин намуди планшет
  • Ҷойи cеюм – телефони ҳушманд

Озмуни “Сухане дорам...” аз 20 январ то 20 апрел идома хоҳад кард. Ҷоизаҳо 3 май, дар Рӯзи Ҷаҳонии Озодии Матбуот, тақдим хоҳанд шуд.

Сухани худ ва хубро бигӯед ва соҳиби ҷоиза шавед!

Сухан хоси инсонҳост. Тавре гуфтаанд: “Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?” Вале боз ҳам манзур сухани нек, ҳақ, эҳтиромона ва созанда аст.

Дар ин озмуни видеоӣ ширкат кунед ва пирӯз гардед. Дар сарлавҳа ва шарҳи видеои худ ном ва макон ва ҳамчунин ишораи “Ба озмуни “Сухане дорам...”-ро фаромӯш накунед. Видеоҳое, ки ба озмун роҳ меёбанд, дар сафҳаҳои Ютюб ва Инстаграми Радиои Озодӣ пахш хоҳанд шуд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG