Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе қаҳрамонии футзали CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона шуруъ мешавад


Имрӯз, 20-уми январ, дар Душанбе нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози мусобиқаи қаҳрамонии футзали Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба саволҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ширкаткунандаи ин мусобиқа - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон – посух медиҳанд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи мазкур таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ аз 21-ум то 28-уми январ дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе доир мегардад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Даври 1-ум

21 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00 Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

22 январ (шанбе)

15:00 – Қирғизистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

24 январ (душанбе)

15:00 – Қирғизистон – Эрон

18:00 Тоҷикистон – Узбекистон

Даври 4-ум

25 январ (сешанбе)

15:00 – Эрон – Қирғизистон

18:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

18:00 – Эрон – Узбекистон

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00Тоҷикистон – Эрон

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG