Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси СҶТ: "Поёни пандемия COVID-19 дур аст"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Тедрос Гебрейесус дар пасманзари паҳншавии босуръати навъи "Омикрон"-и коронавирус гуфт, "поёни пандемияи COVID-19 дур аст".

Гебрейесус 18-уми январ назарҳо дар бораи онро ки гӯё "Омикрон" назар ба намудҳои дигари коронавирус хатари камтар дорад, иштибоҳ хонд.

"Омикрон" шояд ба ҳисоби миёна камтар вазнин бошад, вале гуфтаҳо дар бораи он ки ин бемории сабук аст, гумроҳкунанда мебошанд. Иштибоҳ накунед. "Омикрон" метавонад шахсро дар беморхона бистарӣ кунад ё ба марг расонад. Муассисаҳои тандурустӣ ҳатто дар раванди мавҷи сабуктар низ сарбориро эҳсос мекунанд", - гуфт ӯ.

"Омикрон", ки бо паҳншавии босуръати худ аз намудҳои дигари коронавирус фарқ мекунад, дар ҳоли ҳозир дар бештари кишварҳои дунё ошкор шудааст. Ҳоло дар кишварҳои гуногун, аз Бразилия то Фаронса рӯзона шумори рекордии мубталоёни нав сабт карда мешавад.

XS
SM
MD
LG