Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Комбиз Кошонӣ бо иттиҳоми канор задани таҳримҳо


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Иёлоти Муттаҳида як шаҳрванди Эрону Амрикоро бо иттиҳоми канор задани таҳримоти содирот ба Теҳрон боздошт кардааст.

Вазорати адлияи Амрико дар як баёнияи расмӣ гуфт, Комбиз Аттор Кошонии 44-соларо рӯзи 14- уми январ дар шаҳри Чикаго пас аз талоши интиқоли таҷҳизот ва мол ба Бонки Миллии Эрон дастгир карданд.

Амрико фурӯши молу ашё ба муассисаҳои давлатии Эрон, аз ҷумла Бонки миллии ин кишварро манъ кардааст, чун ба гуфтаи мақомот ин муассисаҳо ба созмонҳои террористӣ мадад мекунанд.

Вазорати адлияи Амрико гуфтааст, ки Комбиз Кошонӣ бо истифода аз ширкатҳояш дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ таҷҳизоти электронӣ ва фанновариҳои дигари ширкатҳои амрикоиро бидуни иҷозаи расмӣ ба Эрон мефурӯхтааст.

Ҳоло ӯ ба содироти ғайриқонунии мол ба Эрон муттаҳам мешавад ва дар сурати собит шудани иттиҳо, мумкин аст, барои 20 сол зиндонӣ ва 1 миллион доллар ҷарима шавад.

XS
SM
MD
LG