Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дарсҳои фоҷиаи Қазоқистон" барои Тоҷикистон чист?


Қазоқистон дар оғози моҳи январ шоҳиди эътирозу беназмиҳо буд
Қазоқистон дар оғози моҳи январ шоҳиди эътирозу беназмиҳо буд

Саломиддин Мирзораҳматов, хабарнигор ва таҳлилгари муқими Қазоқистон, дар як шарҳе бо номи "Дарсҳои фоҷиаи Қазоқистон барои Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна" гуфтааст, дар Тоҷикистон ҳам чунин таҳдидҳо ба амнияти миллӣ вуҷуд дорад ва сабабҳои он пеш аз ҳама аз дохил аст, на аз хориҷ.

Ӯ дар ин шарҳи тӯлонӣ, ки дар саҳифааш дар Фейсбук рӯзи 17-уми январ гузоштааст, навишааст, яке аз ин сабабҳо бемайлии мақомоти Тоҷикистон барои дарки воқеият дар кишвар аст.

Ба навиштаи ӯ, дар кишвар сол ба сол вазъи иқтисодӣ бадтар, даромади мардум камтар ва бекорӣ ҳам саросарӣ мешавад. Як сабаби дигар, таҳаммулнопазирии мутлақи ҳукумат нисбат ба танқид аст, ки мунтақидонро ҳадаф мегирад ва ё мустақим ба феҳрасти бадхоҳон ё душманони мардум ворид мекунад.

Сабаби дигар ва асоситарин, ба гуфтаи хабарнигори тоҷик, сарватмандони ҳарису золиму худхоҳи Тоҷикистонанд, ки фарзандонашон дар пеши чашми мардуми камбизоат бо мошинҳои гаронбаҳо мегарданд.

Ба гуфтаи Саломиддин Мирзораҳматов, агар вазъ чунин идома кунад, мардуми фақир мисли Қазоқистон бо калтаки чӯбиву оҳанӣ ва табар қиём мекунанд ва муасисаву қасрҳои сарватмандонро аз байн мебаранд.

Дар Қазоқистон аввали моҳи январ тазоҳурот ба зидди болоравии қимати гази моеъ ба ошӯбу бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ печид. Дар натиҷаи нооромиҳо ба гуфтаи мақомот бештар аз 200 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG