Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Левандовски беҳтарин футболбози соли 2021 гардид


Роберт Левандовски.
Роберт Левандовски.

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин футболбозон ва сармураббиён аз рӯи фарзияи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) таҳти унвони The Best FIFA Football Awards 2021 шаби душанбеи 17-уми январ дар Сюрихи Швейтсария баргузор шуд.

Ҷоизаи асосӣ "Беҳтарин футболбози соли 2021" ба ҳамлагари мунтахаби Лаҳистон (Полша) ва бошгоҳи «Бавария»-и Олмон Роберт Левандовски супурда шуд.

Барои ин ҷоиза ба ғайр аз Левандовски, ҳамчунин Лионел Месси, ҳамлагари “ПСЖ” ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса ва Муҳаммад Салоҳ, ҳамлагари “Ливерпул”-и Англия, муддаӣ буданд.

Зимнан, соли гузашта низ Роберт Левандовски барандаи ҷоизаи «Беҳтарин бозигари соли 2020» аз рӯи фарзияи FIFA эълон шуда буд.

Бояд гуфт, ки Левандовски ва Месси бори аввал дар финали ҷоизаи пурнуфузи инфиродӣ дар соли 2021 рӯбарӯ нашудаанд. Моҳи ноябр Месси барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» аз рӯи фарзияи нашрияи France Football шуда буд. Мақоми дувумро Левандовски соҳиб гардид.

Дар байни занон ҷоизаи «Беҳтарин футболбози соли 2021»-ро Алексия Путеляс аз бошгоҳи «Барселона»-и Испания ба даст овард.

Эдуар Мендии сенегалӣ, ки бошгоҳи “Челси”-и Англияро муаррифӣ мекунад, беҳтарин дарвозабони соли 2021 дониста шуд. Ӯ бо бошгоҳи худ ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардидааст.

Эрик Ламела, аз тими "Тоттенҳэм"-и Англия, барандаи ҷоизаи “Беҳтарин голи сол ба номи Ференс Пушкаш” шуд, ки бо зарбаи дақиқи худ ба дарвозаи “Арсенал”-и Лондон ҳамаро ба ваҷд овард.

Ҷоизаи махсуси Fair Play ба дастаи мунтахаби Дания ва кормандони тиббии он супурда шуд, ки Кристиан Эриксенро сари вақт дар Евро-2020 наҷот доданд. Даниягӣ ҳангоми бозӣ бо Финландия аз ҳуш рафт, дилаш аз кор монд, аммо ҳамааш хуб анҷом ёфт. Ба футболбоз дастгоҳи кардиостимулятор гузошта шуд.

Ҷоизаи “Беҳтарин мухлиси сол” насиби мухлисони тимҳои миллии Дания ва Финландия гардид, ки дар он бозии фоҷиабор Эриксенро дастгирӣ карданд.

Сармураббии «Челси» Томас Тухел, ки дар як муддати кӯтоҳ дастаро ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо кард, ҷоизаи “Беҳтарин мураббии сол”-ро ба даст овард. Вай дар ин номинатсия ё номгӯи ҷоиза аз Хосеп Гвардиола аз “Манчестер Сити”-и Англия ва сармураббии мунтахаби Италия Роберто Манчини пеш гузашт.

Ҳамлагарон Лионел Месси ("Пари Сен-Жермен"-и Фаронса ва тими миллии Аргентина) ва Роберт Левандовски (“Бавария”-и Олмон ва тими миллии Лаҳистон) ба дастаи мунтахаби рамзии беҳтарин бозигарони соли 2021 тибқи фарзияи FIFA дохил шуданд.

Дар баробари онҳо Эрлинг Ҳоланд (“Боруссия Дортмунд”, тими миллии Норвегия) ва Криштиану Роналду (“Манчестер Юнайтед”, тими миллии Португалия) беҳтарин ҳамлагарон эътироф гардиданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби рамзии соли 2021, инчунин дарвозабони ПСЖ ва тими миллии Италия Ҷанлуиҷи Доннарумма, ҳимоятгарон Рубен Диаш аз «Манчестер Сити» (мунтахаби Португалия), Леонардо Бонуччи («Ювентус», мунтахаби Италия), Давид Алаба («Реал Мадрид», мунтахаби Австрия) ва нимҳимоятгарон Жоржинйо («Челси» ва мунтахаби Италия), Н'Голо Канте («Челси» ва мунтахаби Фаронса), Кевин Де Брюйне («Манчестер Сити» ва мунтахаби Белгия) ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG