Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳабси шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон баъди маргаш огаҳ шудаанд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷасади шаҳрванди Қирғизистон Худойбердӣ Бекмуродовро, ки дар яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон фавтидааст, ба зодгоҳаш бурдаанд.

Муовини намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Маруфхон Туллоев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, мақомоти маҳаллии вилоят хабар надоштанд, ки Бекмуродов бо гумони ғайриқонунӣ гузаштан аз марз дар Тоҷикистон зиндонӣ шуда буд.

Ба гуфтаи Туллоев, мақомоти қирғиз танҳо баъди он огаҳ шуданд, ки писари Бекмуродов аз онҳо барои интиқоли ҷасади падараш аз Тоҷикистон ба ватан дархости ёрӣ кард.

"Наздиконаш боре муроҷиат накарданд, ки Бекмуродов дар Тоҷикистон дастгир шудааст. Ба гуфтаи онҳо, Бекмуродов 29-уми апрели соли 2021 дастгир гаштааст.

"Мо ҳоло ин иттилоъро месанҷем. Бекмуродов қаблан бо хонаводаи худ дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Марҳум шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистон буд," -- афзудааст Туллоев.

Бино ба хабарҳо, сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нота ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар дархост кардааст, ки дар "таҳқиқи воқеъбинонаи марги шаҳрванди Қирғизистон мусоидат намояд". Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз шарҳе надодаанд.

Худойбердӣ Бекмуродов, соли таваллудаш 1953, дар маҳбаси рақами 6-и Тоҷикистон муҳлати ҷазои худро адо мекардааст.

XS
SM
MD
LG