Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International хост, Навалнийро озод кунанд


Лос-Анҷелес. 17-уми январи 2022. Муҳоҷирони рус ба тарафдорӣ аз Навалний раҳпаймоӣ карданд
Лос-Анҷелес. 17-уми январи 2022. Муҳоҷирони рус ба тарафдорӣ аз Навалний раҳпаймоӣ карданд

Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҷаҳониён хост, озодии сиёсатмадори зиндонӣ Алексей Навалнийро талаб кунанд, то “маъракаи бесобиқаи саркӯбу интиқомҷӯиҳо” поён ёбад. Изҳороти созмон 17-уми январ нашр шуд. Соле пеш, дар ин рӯз, Навалний ҳангоми бозгашт аз Олмон дастгир ва дертар ба ҳабс маҳкум шуд.

Мари Струзерс, раиси умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International, дар изҳороте гуфт, мунтақиди Кремлин, тарафдорони ӯ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандии Русия бо як саркӯби бесобиқа рӯбарӯ шудаанд.

Струзерс мегӯяд, “даҳҳо ҳамкору ҷонибдори Навалний бо иттиҳомҳои ноодилона рӯбарӯ шуда, шумори афзояндаи онҳо аллакай дар зиндон мебошанд”. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия ба ин афроду созмонҳо “тамғаи экстремистӣ зада, вебсайтҳои онҳоро ҳам бастаанд”.

Дар давоми як соли охир бисёре аз ҳамкорону наздикони Навалний аз тарси таъқибҳои сиёсӣ кишварро тарк кардаанд ва ҳоло аз сарнавишти наздиконашон, ки дар Русия мондаанд, нигарон ҳастанд. Струзерс мегӯяд, “бо гузашти як сол аз ҳабсу ҳукми зиндони Навалний бисёре аз тарафдорони ӯву фаъолони сиёсӣ дар як даҳшате ба сар мебаранд”.

Алексей Навалнийро рӯзи 17-уми январи соли 2021 дар фудугоҳи Шереметевои шаҳри Маскав, баъди бозгашташ аз Берлин боздошт карда, бо иттиҳоми ин ки ҳукми ҳабси шартиро вайрон кардааст, ба дувуним сол зиндон ҳабс карданд.

Худи Навалний ва вакилонаш гуфтанд, замони муолиҷа дар Берлин мақомотро дар бораи дар куҷо буданаш огоҳ карда буданд. Худи Навалний гуфтааст, амри заҳролудкунии ӯро президенти Русия Владимир Путин додааст. Кремлин даст доштанашро дар ин қазия рад кардааст.

XS
SM
MD
LG