Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии футзали CAFA миёни дастаҳои мунтахаби занона тасдиқ шуд


Созмони футболи Осиёи Маракзӣ тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаро, ки аз 19-ум то 29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) доир мегардад, чаҳор дастаи мунтахаби занона - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон - барои дарёфти мақоми зӯртарин дар минтақа мубориза мебаранд.

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад дар як вақт се ҳазор тамошобинро қабул намояд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона

Даври 1-ум

21 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00 Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

22 январ (шанбе)

15:00 – Қирғизистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Тоҷикистон

Даври 3-юм

24 январ (душанбе)

15:00 – Қирғизистон – Эрон

18:00 Тоҷикистон – Узбекистон

Даври 4-ум

25 январ (сешанбе)

15:00 – Эрон – Қирғизистон

18:00 – Узбекистон – Тоҷикистон

Даври 5-ум

27 январ (панҷшанбе)

15:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

18:00 – Эрон – Узбекистон

Даври 6-ум

28 январ (ҷумъа)

15:00 – Узбекистон – Қирғизистон

18:00Тоҷикистон – Эрон

XS
SM
MD
LG