Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародарзодаи Назарбоев курсияшро дар Кумитаи амнияти Қазоқистон ҳифз кард


Самат Абиш
Самат Абиш

Самат Абиш, бародарзодаи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, дар мансаби муовини раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар монд. Дар ин бора ниҳоди мазкур 14-уми январ хабар дод.

Пештар аз ин, расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки Абиш дар шаҳри Алмаато дастгир шудааст.

Овозаҳо дар мавриди боздошти Самат Абиш баъди хабари боздошти Карим Масимов, раиси ҳамакнун пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, расонаӣ шуданд. Масимов ва чанде аз ҳамроҳонаш ба хиёнат ба давлат гумонбаранд.

Боздошти онҳо пас аз эътирозу беназмиҳо дар Қазоқистон сурат гирифт. Ин эътирозҳо бо нигаронӣ аз афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен шуруъ шуда, баъдан дар Алмаато ба хушунат печид. Ҳукумати Қазоқистон барои саркӯби эътирозгарон, ки аз онҳо “террористони байнулмилалӣ” ном бурд, аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ мадад хост.

Мақомоти Қазоқистон дар бораи кушта шудани 18 низомӣ ва захмӣ шудани садҳо нафари дигар гузориш доданд. Як саҳифаи расмӣ дар Телеграм шумори эътирозгарони кушташударо 164 нафар навишт, вале дертар Вазорати тандурустӣ онро “хатои фаннӣ” номид.

XS
SM
MD
LG