Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон "Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026" қабул шуд


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар кишвар барои солҳои 2022-2026” тасдиқ намуд. Барномаи мазкур шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт. Дар ин бора расонаҳои давлатӣ хабар доданд.

Ин барнома ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия гардида, ба таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар айни ҳол варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос мекунад. Дар ҷумҳурӣ хизматрасонии тиббии варзишӣ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Диспансерҳои миллии варзишии тиббӣ амал намекунанд.

Дар баробари ин, мушкилот дар самти боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтор ва пойгоҳи моддию техникии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрас набудани иншооти варзишӣ, аз ҷумла, иншооти хусусии варзишӣ ба табақаи миёнаи аҳолӣ, таҳияи мушкилӣ дар барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ, норасоии лавозимоти варзишӣ дар муассисаҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, маҳалҳо, ҷойҳои истироҳатӣ ва ғайра то ҳанӯз эҳсос мегардад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки барои амалигардонии барнома гарчанде маблағҳои пешбинишуда аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида бошанд ҳам, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо барномаҳои маҳаллӣ қабул шуда, ҷиҳати амалисозии онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маблағҳо ҷудо нагардидаанд, аз ин рӯ иҷрои босифати барнома дар сатҳи маҳал таъмин намешавад.

Бинобар ин рушди минбаъдаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани тадбирҳои иловагӣ ва маҷмӯиро тақозо мекунад.

Тибқи қабули барномаи нави давлатӣ афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, дар назар аст. Дар ҳамин ҳол шумораи зиёди наврасону ҷавонон ба варзиш рӯ овардаанд ва ҷараёни машқкунии онҳо бояд тибқи низоми муайян танзим карда шавад.

Маблағи умумӣ барои пурра амалӣ намудани «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» 15 миллиону 950 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG