Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон наздики 130 мошини боркаш банд мондааст


Гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" миёни Қирғизистон ва Қазоқистон.
Гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" миёни Қирғизистон ва Қазоқистон.

Дар наздики гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон навбатпойии тӯлонии мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, то соати 10 шаби 11 январ дар ин гузаргоҳ наздики 130 мошини боркаш ҷамъ шуда буд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, аз ҷониби онҳо дар убури мошинҳо монеае эҷод нашудааст. Дар гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар навбатпойӣ мушоҳида намешавад.

Дар марзи ду кишвар, одатан ҳангоми убур аз ҷониби Қирғизистон ба Қазоқистон, навбатпойии мошинҳои боркаш мушоҳида мешавад. Дар солҳои гуногун назорати шадид дар марз борҳо боиси баҳси ду кишвар шудааст. Коршиносон аз ҷанги тиҷорӣ байни ду кишвар хабар медиҳанд. Баҳси ду кишвар то Созмони ҷаҳонии тиҷорат расидааст.

XS
SM
MD
LG