Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Тифлис рафт


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов субҳи имрӯз, 12-уми январ, барои анҷом додани ду бозии дӯстона бо мунтахаби Гурҷистон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай – Тифлис парвоз кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми январ дар Тифлис баргузор мешаванд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдонӣ дохил шудаанд.

Ин бозиҳо барои мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагии даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 доир мегарданд. Зимнан, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Узбекистон, Афғонистон ва Непал рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дохиланд.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд. Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.

Барои мунтахаби Гурҷистон бошад, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии омодагии даста пеш аз қаҳрамонии Аврупо-2022 оид ба футзал маҳсуб меёбад. Мунтахаби Гурҷистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Испания, Озарбойҷон, Босния ва Ҳерсеҳовин рақобат хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Гурҷистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Умед Қузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гулаков (ҳарсе аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Оқҷепес», Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

XS
SM
MD
LG