Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарзамини рӯдхонаҳои заррин". Чанд бардошт ва суол аз намоиши Тоҷикистон дар Фаронса. ВИДЕО


"Рӯдхонаҳои заррин"-и Тоҷикистон дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:54 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Намоишгоҳи "Тоҷикистон сарзамини рӯдхонаҳои заррин", ки моҳи октябри соли гузашта дар осорхонаи "Гиме"-и Фаронса оғоз шуд, 10-уми январ ба поён расид. Манобеи расмӣ гуфтанд, ки дар ин муддат даҳҳо ҳазор кас ба тамошо рафтаанд. Хабарнигори тоҷики муқими Аврупо, Зеварбону Рауфӣ, низ бо дастгоҳи наворбардории худ ба осорхонаи "Гиме" рафт ва ин матну наворро ба мо фиристод:

Зеварбону Рауфӣ

Осорхонаи “Гиме” дар феҳрасти осорхонаҳои Фаронса бо беш аз 200 ҳазор бинанда дар сол рутбаи 32-юмро дорад. Ҷойи аввал бо беш аз 10 миллион боздидкунанда дар сол аз музейи Лувр аст.

Тайи чанд моҳи охир дар музейи Гиме намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор шуд. Албатта, баргузор шудани намоишгоҳҳое аз ин қабил дар кишварҳое ба монанди Фаронса амре маъмулӣ ба ҳисоб меояд, аммо барои мо, тоҷикон ва тоҷикистониён, ин намоишгоҳ камназир аст.

Намоишгоҳи “Tadjikistan, au pays des fleuves d’or” яъне “Тоҷикистон сарзамини рӯдхонаҳои заррин”, ҳовии 211 нигора мебошад. Ин нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва ба хотири ин намоишгоҳ ба Фаронса фиристода шудаанд. Хоҳишмандон имкон доштанд, аз 14-уми октябри соли 2021 то 10-уми январи имсол аз он боздид кунанд.

Намоишгоҳ ба чанд бахш тақсим шуда буд: Давраи пеш аз мелод, оини зардуштӣ, имперотурии Ҳахоманишиён, имперотурии Кушониён ва давраи Сомониён.

Бори аввал аз амалӣ шудани ин намоишгоҳ расонаҳои Тоҷикистон дар соли 2017 хабар дода буданд. Катия Молет, мудири барномаҳои музейи “Гиме”, дар бораи таърихи намоишгоҳ чунин гуфт: “Барномарезии намоишгоҳ беш аз ҳашт сол пеш сурат гирифта буд. Чаҳор сол мешавад, ки он дар раванди таҳия қарор дошт. Дар асл бояд дар соли 2019 амалӣ мешуд. Лекин ба хотири мушкилоте аз қабили ҳамлу нақл ва созмондиҳӣ ба ин натиҷа расидем, ки онро дар соли 2020 ба боздидкунандагон пешниҳод кунем. Буҳрони беҳдоштӣ монеъ шуд ва мо маҷбур будем, намоишгоҳро барои баъд гузорем. Бо ин ҳол, ҳаргиз таслим нашудем. Яъне, на мо, музейи ҳунарҳои осиёии Гиме ва на Тоҷикистон аз тариқи сафорати Фаронса дар онҷо.”

Новобаста аз буҳрони коронавирус дар кишвар, мардум барои боздид аз намоишгоҳ омадаанд ва ин ду далел матавонад дошта бошад: Яке ҷаззобияти осори таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ва дигаре фарҳанг ва алоқаи мардуми Фаронса ба боздид аз осорхонаҳо.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ. 13-уми октябри 2021
Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ. 13-уми октябри 2021

Нуктаи дигар, ки ҷойи нигаронӣ дорад, ин аст, ки тамоми роҳбаладҳои осорхона хориҷӣ ҳастанд. Тарафи Тоҷикистон барои муаррифии тоҷик ва фарҳанги миллатамон мутахассисони ватаниро барои анҷоми ин кор сафарбар накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури кишвар дар паёми солонааш таъкид бар он дошт, ки роҳбаладони осорхонаро ба Тоҷикистон ҳамроҳи нигораҳо биоваранд.

Суоле ба миён меояд: Яъне, мо ин қадар нотавон ҳастем, ки бояд бегонагон биёянд ва аз таъриху фарҳанги мо бароямон бигӯянд?

Чунон, ки расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд, то имрӯз ин намоишгоҳ нахустин ва бузургтарин намоиши Тоҷикистон дар Ғарб ва Аврупо мебошад. Амрӣ Аминов, муҷассамасози тоҷик, ки дар ин замина иттилооти бештаре дорад, аз собиқаи намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар хориҷ гуфт: “Намоишҳои зиёде дар охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-ум баргузор шудаанд. Чунин намоиши бошукӯҳ ва арзандаро зиндаёд Раҳмат Раҳимов, устоди пажуҳишгоҳи таърих ва мардумшиносии Санкт- Петербург, дар Амрико, Ҷопон ва чанд кишвари дигар баргузор кард. Мехост, он намоишгоҳро ба Ингилистон ва Фаронса низ биёварад, вале умр вафо накард.”

Ҳамчунин назари ин ҳунарманди тоҷик дар бораи зарфияти фарҳангӣ, ҳунарӣ ва таърихии кишвар чунин аст: “Тоҷикистон кишвари хеле ғанист. Аввалан ғанӣ аз ресурсҳои инсонӣ. Дуввум, ба ғайр аз он зару бойигариҳои маъданӣ, беҳтарин сарвати мо, зарҳои таърихии зери хок ҳастанд. Ҳоло мо ниёз ба мардумшиносон, бостоншиносон ва дигар мутахассисини ҷавон дорем.”

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Узбакистон хабар медиҳанд, ки тирамоҳи имсол намоишгоҳи ин кишвар бо номи “Шаҳомати Осиёи Марказӣ. Дар масирҳои корвонии Узбакистон” дар музейи Лувр ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Ин намоишгоҳро Бунёди густариши фарҳангӣ ва ҳунарии Узбакистон маблағгузорӣ мекунад.

Мо мақоле дорем, ки мегӯяд ҳамсоя аз ҳамсоя ранг мегирад. Пас, ба умеди рӯзе, ки мо низ худамон дар пайи ривоҷи фарҳангу таърихамон бишавем. Ва кош рӯзе на чандон дур шоҳиди намоишгоҳи Тоҷикистон дар осорхонаи Лувр бошем, ки дар дунё бештарин боздидкунандаро дорост.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG