Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи варзишгарони тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар соли 2021 муайян шуд


Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов (аз рост).
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов (аз рост).

Мавқеи варзишгарони тоҷик дар радабандии ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пас аз натиҷагирии мусобиқоти мавсими соли 2021 дар сомонаи худ нашр кардааст, муайян шуд.

Мавқеи Темур Раҳимов дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило тағйир наёфт. Ӯ бо 3091 имтиёз дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Ин натиҷаи беҳтарин дар байни варзишгарони тоҷик аст.

Дар вазни сангинтарин варзишгари русиягӣ Тамерлан Башаев бо 6250 имтиёз дар феҳрист мақоми аввалро касб кардааст.

Комроншоҳ Устопириён дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило ду зина поин шуд ва бо 2173 имтиёз ҷойи 15-умро ишғол мекунад. Ин дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи дуюм аст.

Дар вазни то 90 кило варзишгари узбекистонӣ Давлат Бобонов бо 5736 имтиёз дар феҳрист мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Мавқеи Сомон Маҳмадбеков дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бетағйир монд ва ӯ бо 2113 имтиёз дар ҷойи 19-ум мебошад. Ин дар байни варзишгарони тоҷик натиҷаи сеюм аст.

Дар вазни то 73 кило варзишгари гурҷистонӣ Лаша Шавдатуашвили бо 5475 имтиёз дар феҳрист дар мақоми аввал қарор дорад.

Мақоми чаҳорумро дар миёни ҷудокорони тоҷик Шаҳбоз Саидаброров касб намудааст. Ӯ дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 60 кило бо 890 имтиёз дар ҷойи 45-ум мебошад.

Дар вазни то 60 кило Юнг Вей Янг аз Тайпейи Чин бо 5140 имтиёз дар феҳрист мақоми аввалро азони худ кардааст.

Акмал Муродов дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 81 кило бо 658 имтиёз дар ҷойи 54-ум ва дар байни варзишгарони тоҷик дар ҷойи панҷум аст.

Дар вазни то 81 кило Тато Григалашвили аз Гурҷистон бо 6592 имтиёз дар феҳрист мақоми аввалро азони худ кардааст.

Ҷаҳонгир Маҷидов мавқеашро дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило як зина беҳтар намуд ва бо 536 имтиёз ҷойи 57-умро ишғол мекунад. Ӯ дар миёни ҷудокорони тоҷик дар ҷойи шашум аст.

Беҳрӯзи Хоҷазода, ки ба иллати латхӯрӣ соли гузашта дар бисёр мусобиқот ширкат накард, дар радабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило боз 9 зина поён рафт ва бо 436 имтиёз ҷойи 69-умро касб намудааст. Беҳрӯз дар миёни варзишгарони тоҷик дар зинаи ҳафтум қарор дорад.

Шакармамад Мирмамадов, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 258 имтиёз ҷойи 71-умро ишол мекунад, дар миёни гуштигирони тоҷик дар ҷойи ҳаштум аст.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 420 имтиёз се зина боло шуд ва дар ҷойгоҳи 72-юм қарор дорад. Натиҷаи ӯ дар байни варзишгарони тоҷик нӯҳум аст.

Шукрона Қарчиева дар феҳристи ҷаҳонӣ дар вазни то 48 кило миёни занон бо 272 имтиёз ҷойгоҳи 72-юмро соҳиб шудааст. Ӯ дар байни занони ҷудокори тоҷик дар мақоми аввал мебошад. Натиҷаи ӯ дар миёни ҷудокорони тоҷик даҳум аст.

Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар соли равон барои ҷудокорони тоҷик ин Grand Prix Portugol 2022 мебошад, ки рӯзҳои 28-30-юми январ дар шаҳри Алмада баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои ширкат дар ин мусобиқа созмонҳои миллии 44 кишвари панҷ қора дархост додаанд. Дар рақобатҳо иштироки 354 варзишгар (200 мард ва 154 зан) дар назар аст.

Аз Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур феълан ду паҳлавони маъруф – Сомон Маҳмадбеков (-73 кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) – номнавис шудаанд.

XS
SM
MD
LG