Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Левандовски, Салоҳ ва Месси муддаиёни ҷоизаи "Беҳтарин бозигари соли 2021"


Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) номи се футболбозеро, ки барои дарёфти ҷоизаи «Беҳтарин бозигари соли 2021» муддаӣ мебошанд, эълон кард. Дар ин бора сомонаи ин созмон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба феҳрист Роберт Левандовски, ҳамлагари “Бавария”-и Олмон, Муҳаммад Салоҳ, ҳамлагари “Ливерпул”-и Англия ва Лионел Месси, ҳамлагари “ПСЖ” ("Пари Сен-Жермен")-и Фаронса, дохил шудаанд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2021 аз рӯи фарзияи FIFA 17-уми январ доир мегардад. Ба далели пандемияи коронавирус чорабинӣ дар шакли онлайн сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, соли гузашта Роберт Левандовски барандаи ҷоизаи «Беҳтарин бозигари соли 2020» аз рӯи фарзияи FIFA эълон шуда буд. Ӯ барои дарёфти ин ҷоиза аз Роналду ва Месси пеш гузашт. Месси шаш бор ва Роналду панҷ бор беҳтарин бозигари сол аз рӯи фарзияи FIFA эътироф шудаанд.

FIFA беҳтарин бозигаронро аз соли 1991 эълон мекунад. Аз соли 2010 то 2015 FIFA ҳамроҳ бо маҷаллаи «France Football» ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро тақдим мекард, аз соли 2016 боз ба ҷоизаи худ баргашт.

Зимнан, авохири моҳи ноябри соли гузашта Лионел Месси, ҳамлагари «ПСЖ»-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина, барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» дар соли 2021 гардид. Ин ҷоиза бори ҳафтум ба ӯ супурда шуд. Мақоми дувумро дар раъйдиҳӣ ҳамлагари «Бавария»-и Олмон ва мунтахаби Лаҳистон (Полша) Роберт Левандовски соҳиб шуд. Мақоми севум насиби Жоржинйо аз «Челси»-и Англия гардид.

Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ», ки онро ҳамасола маҷаллаи фаронсавии «France Football» месупорад, соли 1956 таъсис ёфтааст. Соли 2020 бинобар пандемияи коронавирус маросим лағв шуда буд.

Аз соли 1956 то 2006 ғолиб тибқи раъйдиҳии хабарнигорон муайян карда мешуд, аз соли 2007 ҳаққи овоздиҳиро мураббиён ва капитанҳои мунтахабҳои миллӣ гирифтанд.

Аз соли 2010 «Тӯби тиллоӣ» якҷоя бо Федератсияи байналмилалии футбол супурда мешуд, аз соли 2016 «France Football» ҷоизаро алоҳида месупорад, ҳамзамон FIFA ҷоизаи худро барои бозигари беҳтарини сол таъсис дод, ки он ин дафъа 17-уми январи имсол маълум хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG