Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни гуфтугӯҳои амниятии ИМА ва Русия. НАТО аз пайомадҳои ҳамла ба Украина ҳушдор дод


Ҳайатҳои музокиракунандаи Амрико ва Русия рӯзи 10-уми январ дар Женева ҳафт соат гуфтугӯ карданд. Тибқи иттилои нашршуда, дар бораи талошҳо барои коҳиши танишҳо созиш ҳосил шудааст, аммо пешрафтҳои чашмрас дар ин музокирот дида намешавад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи душанбеи 10-уми январ гуфт, вокуниши ин кишвар ба шикасти гуфтугӯҳои амниятӣ бо Амрико "низомӣ-фаннӣ" хоҳад буд, вале шарҳ надод, ки маънои дақиқи он чист. Сергей Рябков пас аз поёни даври аввали гуфтугӯ бо намояндагони Амрико дар Женева гуфт, Маскав дар ҳоли ҳозир ба гуфтугӯҳои дипломатӣ таваҷҷуҳ дорад ва қасд надорад вокунишҳои низомӣ дар сурати шикасти ин музокиротро шарҳ диҳад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия дар идома гуфтааст, ки дар ин гуфтугӯҳо дар бораи напайвастани Украина ба НАТО дар оянда, ҳеҷ пешрафте сурат нагирифтааст. Русия эълом кардааст, ки хоҳони дарёфти замонатҳои қатъӣ аз сӯи Амрико дар мавриди напайвастани Украина ба НАТО аст, чун узвияти ин кишвар дар НАТО-ро як хатари ҷиддӣ барои амнияти миллии худ медонад.

Сергей Рябков афзуд, сарнавишти гуфтугӯ бо Амрико дар мавриди амнияти шарқи Арупо, то ҳадди зиёде ба мавзуи узвияти Украина дар НАТО вобаста аст ва напайвастани Украина ба НАТО барои Русия як шарти "ҳатмӣ" мебошад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия афзуд, "мутаассифона мо дар бархӯрд бо ин масъалаҳо, ихтилофҳои бунёдӣ дорем. ИМА ва Русия дар мавриди ончи, ки бояд анҷом шавад, дидгоҳҳои зидди якдигар доранд". Оқои Рябков бори дигар ба дархости Русия дар бораи густариши наёфтани марзҳои НАТО ба сӯи шарқ, таъкид кард.

Ҳамзамон Ведни Шерман, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва сарпарасти ҳайати музокиракунандаи Амрико гуфт, ду тараф дар мавриди коҳиши таниш дар шарқи Аврупо, аз ҷумла коҳиши мушакҳо ва монёврҳои низомӣ дар минтақа гуфтугӯ карданд, вале айни ҳол дубора ба намояндаи Русия дар мавриди паёмадҳои ҷиддии ҳамлаи низомӣ ба Украина ҳушдор додааст.

Хонум Шерман пас аз поёни даври аввали гуфтугӯҳо бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Русия дар Женева гуфт, ба намояндагони Русия пешниҳод кардааст, ки дар мавриди чигунагии ҷобаҷо кардани мушакҳои стратегӣ дар минтақа гуфтугӯҳои бештар ва дақиқтаре анҷом шавад, вале дархости Русия барои додани замонат дар мавриди напайвастани Украина ба НАТО-ро рад кардааст.

Хонум Шерман афзуд, "мо пешниҳодҳои амниятиро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қобили баррасӣ нестанд, нахоҳем пазируфт ва ба ҳеҷ кишваре иҷоза намедиҳем, ки аз густариши НАТО ва қабули аъзои нав, пешгирӣ кунад".

Ӯ аз Русия хост ҳудуди сад ҳазор нерӯҳои низомиро, ки дар наздикии марзҳои Украина ҷобаҷо кардааст, ба пойгоҳҳои доимии худ бозгардонад ва ё ба таври мушаххас сабабҳои таҷаммуи онҳоро дар наздикии марзҳои Украина шарҳ диҳад.

Хонум Шерман афзуд, "агар Русия ба Украина ҳамла кунад, бо вокунишҳои бисёр шадидтаре аз соли 2014, ки Қримро ишғол ва аз шӯришгарон дар шарқи Украина ҳимоят кард, рӯбарӯ хоҳад шуд".

Муовини вазири корҳои хориҷии Амрико афзуд, "мо аз ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳое, ки хоҳони ҳамкорӣ бо Амрико ҳастанд, чашм нахоҳем пӯшид. Мо бе мушорикати ҳукумати Украина дар мавриди ин кишвар, бе мушорикати Иттиҳоди Аврупо дар мавриди Аврупо ва бе мушорикати аъзои НАТО дар мавриди ин паймон тасмим нахоҳем гирифт".

XS
SM
MD
LG