Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як афсари амнияти Қазоқистонро дар шаҳри Нурсултон пайдо карданд


Шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон.
Шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки афсари ин ниҳод Азамат Ибраев фавтидааст. Ҷасади ӯ дар ҳавлии манизили зисташ пайдо шудааст.

"Рӯзи 10 январи соли 2022 дар шаҳри Нурсултон, дар ҳавлии манзили шахсиаш, ҷасади афсари КДАМ Азамат Ибраев пайдо шуд", - хабар доданд мақомоти амниятии Қазоқистон.

Таҳқиқи пешакӣ аз рӯи ин ҳодиса шуруъ шудааст.

Қазоқистон дар чанд рӯзи охир шоҳиди эътирозҳои густурда ба болоравии қимати газ буд. Мақомот эълон карданд, ки дар ин эътирозҳо даҳҳо нафар кушта шуда ва садҳо тан захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG