Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе қаҳрамонии футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона доир мегардад


Нахустин мусобиқаи имсола оид ба футзал дар Тоҷикистон - қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занона аз 19-ум то 29-уми январ баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) доир мегардад, чаҳор дастаи мунтахаби занона - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон - барои дарёфти мақоми пурзӯртарин дар минтақа мубориза мебаранд.

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2022 аз рӯи системи даврӣ дар ду давра баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад дар як вакт се ҳазор тамошобинро қабул намояд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи қаҳрамонии CAFA оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки моҳи январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон доир гардида буд, бо пирӯзии мунтахаби Эрон ба поён расид.

Тими мунтахаби Эрон дар ҳамаи панҷ бозиаш бар дастаҳои Тоҷикистон (15:0), Афғонистон (16:1), Туркманистон (12:0), Узбекистон (7:1) ва Қирғизистон (2:0) ғолиб омада, бо касби 15 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар чаҳор бозӣ бар тимҳои Туркманистон (4:1), Қирғизистон (7:4), Афғонистон (3:0) ва Тоҷикистон (7:2) пирӯз шуда, дар як дидор аз мунтахаби Эрон (1:7) шикаст хӯрд, бо касби 12 имтиёз ҷойи дувумро ишғол кард.

Мунтахаби Туркманистон бо касби 9 имтиёз ва мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум қарор гирифтанд.

Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои панҷуму шашум ҷойгир шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев чаҳор бозиро ба тимҳои Эрон (0:15), Туркманистон (2:3), Қирғизистон (0:2), Узбекистон (1:7) бохт ва як бозиро бо мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби мусовӣ (3:3) анҷом дод.

XS
SM
MD
LG