Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев навиштааш дар бораи ҳамлаи "20 ҳазор террорист"-ро пок кард


Бинои маъмурӣ пас аз ҳодисаҳои ахир дар Алмато
Бинои маъмурӣ пас аз ҳодисаҳои ахир дар Алмато

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон навиштааш дар бораи ҳамлаи “20 ҳазор террорист” ба Алматоро аз саҳифааш дар Твиетр пок кардааст.

Ӯ рӯзи 7-уми январ дар саҳифааш дар Твитер чанд паём дар бораи эътироз дар Қазоқистон нашр кард.

Тоқаев дар як паёми худ навишта буд, ки "20 ҳазор террорист" ба Алмато ҳуҷум кардаанд ва бархеи онҳо ба қазоқӣ суҳбат намекунанд. “Онҳо кормандони пулису сарбозонро мекушанд, идораҳои давлатӣ ва дуконҳои савдоро оташ мезананд, занҳои ҷавонро таҷовуз мекунанд”.—навишта буд ӯ.

Як рӯз пас ин навишта аз саҳифаи президент пок шуд ва сабабшро ҳанӯз шарҳ надодааст.

Ӯ иддао карда буд, ки ба Қазоқистон ҳамлаи террористӣ сурат гирифтааст ва аз кишварҳои узви СПАД дархости кумаки низомӣ карда буд.

То рӯзи 9-уми январ, бар асоси иттилои расмӣ, 5135 нафар боздошт шудааст.

Мақомоти қазоқ гуфтаанд, ки дар миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони кишвари ҳамсоя низ ҳастанд, вале номи он кишварро нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG