Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони ду дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми AFC-2022 маълум мешаванд


Tajikistan,Dushanbe city, tajik football clubs SSKA and Khujand, 21October 2019 (photo from FFT website)
Tajikistan,Dushanbe city, tajik football clubs SSKA and Khujand, 21October 2019 (photo from FFT website)

Конфедеросиюни футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022, дуюмин мусобиқоти муҳими бошгоҳҳои қораи Осиё, дар сомонаи худ нашр кард.

Рақибони ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар - "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии кишвар – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 тавассути қуръакашӣ рӯзи 17-уми январ маълум хоҳанд шуд.

Мисли соли гузашта дар минтақаи Марказии Ҷоми AFC-2022 ду гурӯҳ – як гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва гурӯҳи дигар аз се даста ташкил мешавад. Голибони гурӯҳ ба финали минтакавй роҳ меёбанд.

Дар минтақаи Марказӣ, тибқи муқаррароти Ҷоми AFC, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бошанд.

Бояд гуфт, ки агар "Насаф"-и Қаршӣ ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2022 роҳ ёбад, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон, дастаи "Суғдиён"-и Ҷиззах дар Ҷоми AFC-2022 ширкат хоҳад кард. Агар "Насаф" ба даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо роҳ пайдо накунад, иштирокашро дар Ҷоми АFC-2022 идома медиҳад.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар минтақаи Марказӣ:

Сабади 1-ум: "Насаф" ё "Суғдиён" (Узбекистон), "Хуҷанд" (Тоҷикистон).​

Сабади 2-юм: "Олтин Асир" (Туркманистон), "Дордой" (Қирғизистон).​

Сабади 3-юм: КМВА (Тоҷикистон), "Копетдоғ" (Туркманистон).​

Сабади 4-ум: "Нефтчӣ" (Қирғизистон).

XS
SM
MD
LG