Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳрорҷон Боқиев: Маоши тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ даҳ баробар бештар аз Русия аст. ВИДЕО 


Аҳрорҷон Боқиев, раҳбари Шӯрои хориҷиён дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ

Кореяи Ҷанубӣ, як кишвари пешрафтаи саноатӣ, таваҷҷӯҳи ҳазорон муҳоҷири кории тоҷикро ҷалб кардааст.

Бар асоси ҳисобҳои гуногун, феълан беш аз шаш ҳазор тоҷикистонӣ расман дар ин кишвар кор мекунанд, ки наздики панҷ ҳазор нафари онҳо ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд. Муҳоҷирони тоҷик ҳатто дар ширкатҳои маъруфи “Самсунг” ва “Ҳундай” кор пайдо кардаанд.

Аҳрорҷон Боқиев, раҳбари Шӯрои хориҷиён дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ аз ҷумлаи тоҷикони муввафақ дар ин кишвар дониста мешавад. Ӯ ҳамзамон дар ширкати боркашонии “SJ Logistics Group” ба ҳайси менеҷер фаъолият дорад. Аҳрорҷон ҳамчун менеҷер фаъолияти бахшҳои ин ширкат дар Тошканд, Алмато, Маскав ва Варшаваро назорат мекунад.

Моҳи декабри соли гузашта дар як маросим ба Аҳрорҷон Боқиев шаҳрванди ифтихории Сеул дода шуд. Ин ҷоизаро аз соли 1958 ба хориҷиёне медиҳанд, ки дар ин кишвар корҳои хуберо анҷом додаанд. Аҳрорҷон Боқиев нахустин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро соҳиб шудааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шароити кору зиндагӣ дар Кореяи Ҷанубиро шарҳ дод ва барои кадом амал ба ҷоизаи ифтихорӣ сазовор шуданашро нақл кард.​

Нахустин тоҷике, ки шаҳрванди ифтихории Сеул шуд

Аҳрорҷон Боқиев: Он хориҷиёне, ки дар рушду пешрафти ин кишвар, махсусан шаҳри Сеул саҳм мегузоранд, бо ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд. Ман аз соли 2013 дар шаҳри Сеул зиндагӣ дорам ва дар тамоми чорабиниҳое, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ баргузор мегарданд, иштирок намудам. Ин як ифтихори миллӣ аст, ки ба ман гуфтанд, Тоҷикистон кишвари 100-ум аст, ки шаҳрвандаш ин ҷоизаро соҳиб мешавад. То кунун, аз замони таъсис 840 нафар шаҳрвандони кишварҳои гуногун ин ҷоизаро гирифтаанд. Корҳои маро ба ҳайси раҳбари шӯрои хориҷиён ба назар гирифта, маро ба ин ҷоиза сазовор донистанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ бештар аз Русия маош мегиранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:17 0:00

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонем, ки тоҷикон талоши зиёд барои рафтан ба Кореяи Ҷанубӣ доранд. Бо кадом роҳ ва чӣ гуна тоҷикон то онҷо мерасанд?

Аҳрорҷон Боқиев: Мутаасифона сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе раводиди корӣ намедиҳад. Танҳо ба шаҳрвандоне, ки донишҷӯ мешаванд, раводиди таҳсил медиҳад. То ҳол кишвари мо равобити корӣ надорад. Ҳоло танҳо ҳудуди ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо дар ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ кору фаъолият доранд. Ба ғайр аз ин, ҳудуди панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро низ доранд, бо шиносномаи русӣ ворид шудаанд ва ҳамчун шаҳрвандони федератсияи Русия кор мекунанд. Дар умум гирем, шаш ҳазор тоҷикистонӣ дар ҷумуҳрии Кореяи Ҷанубӣ кору фаъолият доранд. Ду ҳафта пеш, сафири ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон тайъин шуд ва оянда густариши ҳамкориҳо дар назар аст.​

Муҳоҷирони тоҷик дар ширкати “LG”, “Samsung” ва “Hyundai”​

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки тақрибан шаш ҳазор тоҷикистонӣ он ҷо ҳузур доранд. Тоҷикон бештар чӣ кор мекунанд? ​

Аҳрорҷон Боқиев: Он нафароне, ки бо раводиди донишҷӯи ба Кореяи Ҷанубӣ омадаанд, дар рафти донишҷӯи ё баъди хатми донишгоҳ забонро меомӯзанд ва дар корхонаҳои саноатии бузург, чун “LG”, “Samsung” ва “Hyundai” кор мекунанд. Он нафароне, ки ҳамчун муҳоҷири корӣ аз Русия омадаанд, ба корҳои ҳаррӯза, сохтмону дигар корҳо машғул мешаванд.

Радиои Озодӣ: Дар ширкатҳои “Samsung” ва “Hyundai” тоҷикон ба ҳайси кӣ кор мекунанд?

Аҳрорҷон Боқиев: Худи ман чанд шинос дорам, ки дар ширкатҳои “Samsung” ва “Hyundai” кор мекунанд ва ҳамаи онҳо аз Тоҷикистон омадаанд. Онҳо дар ин ҷо донишгоҳро хатм карданд ва дар соҳаи барномасозиву менеҷмент кор мекунанд. Онҳо бисёр муввафақ шуданд, дар ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ. Чун дар ин корхонаҳои бузург, ки дар тамоми ҷаҳон мешиносанд, худи мардуми Кореяи Ҷанубӣ низ орзуи кор карданро мекунанд.

Фарқ миёни Русия ва Кореяи Ҷанубӣ дар чист? ​

Радиои Озодӣ: Раванде шакл гирифтааст, ки тоҷикон талош мекунанд, ба Кореяи Ҷанубӣ ба кор раванд. Тафовут миёни Русия ва Кореяи Ҷанубӣ дар чист?

Аҳрорҷон Боқиев: Сараввал масъалаи фарҳанг аст. Мардуми кишвари Кореяи Ҷанубӣ мисли тоҷикони мо меҳмондӯст ҳастанд ва хориҷиёне, ки аз кишварҳои дур омадаанд, бо назари хуб нигоҳ мекунанд, ки ин албатта, аз мардуми Русия бисёр фарқ мекунад. Дар ин ҷо шароити корӣ низ дар нисбат ба Русия куллан фарқ мекунад. Аз ҳама муҳимаш музди меҳнат аст. Музди меҳнате, ки дар ин ҷо меёбанд, шояд дар даҳ рӯз дар Русия пайдо кунанд.​

Мӯъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Аҳрорҷон Боқиев
Мӯъмин Аҳмадӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ ва Аҳрорҷон Боқиев

Радиои Озодӣ: Бубинед, вақте тоҷикон ба Русия мераванд, забони русиро то андозае медонанд, вале забони куриёӣ комилан як забони бегон аст. Он ҷо мушкилӣ намекашанд? ​

Аҳрорҷон Боқиев: Бале, ин масъала як мушкили асосӣ мебошад. Вақте ман дар сафорат кор мекардам, бисёр шаҳрвандони мо занг мезаданд, ки тарҷума кунед ё фаҳмонед, ки корфармо чӣ мегӯяд. Мардуми мо аз ин ҳисоб бисёр мушкилӣ мекашанд. Омӯхтани ин забон ҳам бисёр мушкил аст. Аммо фикр мекунам, он нафароне, ки дар ин кишвар солҳои тӯлонӣ зиндагӣ доранд, онҳо хондаву навишта метавонанд. Онҳо фикри худро фаҳмонда метавонанд. Шаҳрвандоне, ки бори аввал меоянд, забони куриёиро дар курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ меомӯзанд.​

Чаро шаҳрвандони Узбекистон бештар ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд?

Радиои Озодӣ: Шумораи тоҷикистониҳо дар ин кишвар хеле кам аст. Узбекистон бо Куриёи Ҷанубӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад ва узбекистониҳо бештар барои кор ба ин кишвар мераванд. Ба фикри шумо чаро Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ чунин шартнома надоранд ва мушкил дар чист? ​

Аҳрорҷон Боқиев: Сафорати Узбекистон дар Кореяи Ҷанубӣ соли 1998 ифтитоҳ ёфтааст. Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар соли 2005 кушода шуд. Дар ин муддат, як куриёии шаҳрванди Узбекистон дар инҷо сафир буд. Онҳо барои созишномаи корӣ бисёр кор карданд. Кормандони сафорати мо низ аз соли 2015 бисёр кушиш доранд, ки ин масъала баррасӣ шавад. Моҳи гузашта аввалин сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон таъин шуд. То ин вақт фақат кордор буд, ки кораш додани раводид буд. Имсол ҳамкорӣ зиёд мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ки ба шаҳрвандони 52 кишвар иҷозати бераводид ворид шуданро диҳад, ки дар ин рӯйхат Кореяи Ҷанубӣ низ ҳаст.

Радиои Озодӣ: Муҳоҷирони тоҷик аксаран аз шиканҷаву бадрафторӣ ва фиреб хурдан аз ҷониби корфармо шикоят мекунанд. Вазъи тоҷикон дар Кореяи Ҷанубӣ чӣ гуна аст?

Аҳрорҷон Боқиев: Бисёре аз тоҷикистониён берун аз шаҳри Сеул, мисли шаҳри Тегу ва Паран зиндагӣ мекунанд. Вақте ман дар сафорат кор мекардам, бо ҳамкорон ба ин шаҳрҳо сафар карда, бо шаҳрвандонамон суҳбат мекардем. Ҳолате, ки шаҳрвандони мо дар ин ҷо доранд, куллан аз вазъ дар Русия фарқ мекунад. Ин ҷо ба хориҷиён эҳтиром доранд. Бисёре аз ҳамватанони мо, ки ҳамчун шаҳрванди Русия омадаанд, ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳамчун сайёҳ меоянд ва кор мекунанд. Дар ин ҷо кашмакашҳо бо муҳоҷирон дида намешавад.​

"Долони сабз" барои муҳоҷирон

Радиои Озодӣ: Дар сурати боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо онҳо чӣ гуна муносибат мешавад?

Аҳрорҷон Боқиев: Вақте онҳоро пайдо карданд, боздошт мешаванд ва ба сафорат муроҷиат мекунанд. Агар кумаке лозим шуд, сафорат кумак мерасонад. Мо шоҳиди чунин ҳолатҳо будем. Вақте соли 2020 пандемия оғоз шуд, як шаҳрванди мо чор-панҷ моҳ дар боздоштгоҳ буд. Хатсайр вуҷуд надошт. Як хатсайри чартерӣ ба роҳ монда шуд ва ӯ ҳамроҳ бо дигар дармондагон ба ватан баргашт.​

Радиои Озодӣ: Онҳое, ки ихроҷ мешаванд, дубора ҳаққи бозгашт ба Кореяи Ҷанубиро доранд?

Аҳрорҷон Боқиев: Бубинед, ки Хадамоти муҳоҷирати Кореяи Ҷанубӣ инсондӯстона фаъолият мекунад. Ҳар сол ин ҷо “Долони сабз” эълон мекунанд. Муддати ду моҳ. Ин маънои онро дорад, ки ҳаркӣ ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунад ва агар кишварро тарк кунад, пас аз шаш моҳ ҳаққи баргаштан ба Кореяро дорад. Агар дар ин муддат набаромаданд ва боздошт шаванд, ихроҷ мекунанд. Он гоҳ панҷ сол ҳаққи омадан надоранд. Аз ин рӯ, бисёр хориҷиҳо аз ин истифода мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG