Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар "Ҷоми рушд-2022” дар Минск ширкат меварзад


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2022", ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар Мински Беларус баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи анъанавии зимистонаи "Ҷоми Рушд-2022" иштироки даҳ дастаи мунтахаби наврасон аз 9 кишвар дар назар аст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон рақобат мекунад. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон ва Исроил дохиланд.

Мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Баъдан дастаҳои ғолиб дар финал бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), гуфт, "ширкат дар “Ҷоми рушд-2022” дар Минск барои дастаи мо яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 9-уми октябри имсол доир мегардад, маҳсуб мешавад.”

Зимнан, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021” ғолиб гардида буд. Футболбозони навраси тоҷик дар ҳарсе бозӣ бар дастаҳои мунтахаби Қазоқистон (7:1), Молдова (5:1) ва Беларус (4:1) пирӯз шуданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло мукофотонида шуд. Дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) бо 6 имтиёз ҷойи дуюм ва Молдова (U-17) бо 3 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд. Вале дастаи мизбон - Беларус, ки ҳамаи бозиҳояшро бохт, бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG