Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Қазоқистон нерӯ фиристод


Алмато, Қазоқистон.
Алмато, Қазоқистон.

Дар пайи нооромиҳо дар Қазоқистон, нерӯҳои сулҳофари Русия ба он кишвар фиристода шудаанд. Шумораи дақиқи нерӯҳо ҳанӯз маълум нест.

Як рӯз пеш президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев эътирозгарони боло рафтани нархи газ дар шаҳрҳои гуногуни кишварашро "террористҳои воқеӣ" ном бурд ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ барои, ба гуфтаи ӯ, "саркӯби таҳдиди террористӣ", ёрӣ хост. Ин созмон зери нуфузи Русия аст.

Сухангӯи пулиси Қазоқистон гуфтааст, даҳҳо "экстремист", ки шаби гузашта талош карданд, ба нерӯҳои пулис ва биноҳои давлатӣ ҳамла кунанд, "безарар" гардонида шуданд. Телевизиони давлатии Қазоқистон эълон кард, ки дар даргириҳои шаби гузашта 12 пулис ҷон бохта, беш аз 350 нафар захмӣ шудаанд.

Нооромиҳои ахир дар Қазоқистон бо эътироз ба ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ дар Жанаозен оғоз шуд, вале босуръат ба шаҳрҳои дигари Қазоқистон "сироят" кард. Нозирони бахши иртиботот аз қатъи сартосарии интернет ва таътили вебсайтҳои давлатӣ ва хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

XS
SM
MD
LG