Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 300 сомонӣ. Нархи роҳкиро аз Хуҷанд ба Душанбе боло рафт. ВИДЕО


Дар вилояти Суғд нархи роҳкиро гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Роҳкиро аз шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ба Душанбе дар чанд рӯзи охир боло рафтааст. Ронандагон роҳҳои баставу боло рафтани қимати ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқро сабаби афзоиш меноманд. Гуруҳи дигар мегӯянд, теъдоде аз мусофиркашҳо худашон ҳар қадар хостанд, қиматро боло мебаранд.

Агар чанд рӯз пеш мусофирон метавонистанд, бо 100-150 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе бирасанд, акнун роҳкиро тақрибан ду баробар афзудааст. Салим Ғафуров, сокини шаҳри Хуҷанд, гуфт, “ронандаҳои таксӣ аз 200 сомонӣ то 350 сомонӣ мепурсанд. Онҳое, ки ронандаи таксӣ нестанд ва барои кори худ аз Хуҷанд ба Душанбе мераванд, сад сомонӣ мегиранд. Ин нарх ба ҷайби мардуми миёнаҳол муносибтар аст.”

Мусофирон афзоиши нархи роҳкироро дар масири Хуҷанд-Душанбе ба оғози таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо пайванд медиҳанд. Ронандаҳо мегӯянд, барфбории шадиди чанд рӯзи охир ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе душвор кардааст.

“Нархи гузаштан аз плазаҳои толлингӣ ҳам аз якуми январ хеле баланд шудааст. Хабар надоштам. Хеле мушкил аст,” – мегӯяд ронанда Нуралӣ Ғафуров.

Дар ҳамин ҳол масъулони “Терминали Суғд” гуфтанд, гароншавии роҳкиро дар фасли зимистон бар асоси нархгузории Вазорати нақлиёт аст. Тибқи муқаррароти Вазорати нақлиёт, барои ҳар километр аз 1,5 сомонӣ то 3 сомонӣ муайян шудааст. Вале мусофирон мегӯянд, дар баъзе маврид ронандаҳои таксӣ аз меъёри таъинкардаи Вазорати нақлиёт зиёдтар пул меситонанд.

XS
SM
MD
LG