Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназмиҳо дар Қазоқистон. СПАД гуфт, ки нерӯ мефиристад


Президент Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти Шӯрои амнияти Қазоқистон эътирозгарон ба боло рафтани газ дар шаҳрҳои гуногуни кишварашро "террористҳои воқеӣ" ном бурд ва аз Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё СПАД барои, ба гуфтаи ӯ, "саркӯби таҳдиди террористӣ", ёрӣ хост.

Ба ин созмони зери нуфузи Русия Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистону Беларус шомиланд. Шаби гузашта Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва роҳбарии давраии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хабар дод, ки ин созмон нерӯҳои сулҳофари худро ба Қазоқистон мефиристад. Вале Пашинян нагуфтааст, ки СПАД ба Қазоқистон чӣ қадар нерӯ мефиристад.

Бар асоси иттилое, ки ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст, Русия аллакай нерӯҳои худро барои фиристодан ба Қазоқистон омода кардааст. Ба навиштаи расонаҳо, шаби гузашта дар фурудгоҳи низомии Оренбург омодагии махсуси ҷангӣ сурат гирифт. Ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистон ҳам бар асоси узвият дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба Қазоқистон нерӯ мефиристад ё не.

Шаби гузашта ҳам шаҳрҳои Қазоқистон ором набуд. Сарфи назар аз эълони ҳолати фавқуллода ва соати комендантӣ эътирози мардум дар калонтарин шаҳрҳои Қазоқистон идома кард.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, дар пасманзари шиддат гирифтани эътирозҳо, шаби 6-уми январ дар саросари ин кишвар вазъи фавқулода ҷорӣ кард ва ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор намуд.

Ӯ ҳамагӣ чанд соат пеш аз ҷаласа гуфт, ки раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон аст. Дар ҳоле ки қаблан ин мансабро Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии пешин, якумрӣ бар ӯҳда дошт. Маълум нест, ки тағйирот кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст.

Гурӯҳи норозиён рӯзи 5-уми январ ба бинои шаҳрдории Алмаато, ҳукумати Оқтеппа ва қароргоҳи президент юриш бурда, назорат ба як фурудгоҳро ба даст гирифтанд.

Нооромиҳои ахир дар Қазоқистон бо эътироз ба ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ рӯзи 2-юми январ дар Жанаозен оғоз шуд, вале босуръат ба шаҳрҳои дигари Қазоқистон "сироят" кард. Ба навиштаи расонаҳо даҳҳо нафар дар даргириҳо миёни эътирозгарон ва нерӯҳои интизомӣ маҷруҳ шудаанд. Бархе хабаргузориҳо хабар доданд, ки дар ин миён чанд нафар ҳам ҷон бохтаанд. Аммо дар ин робита хабарӣ расмӣ нашр нашудааст.

Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин вазъ баёнгари он аст, ки норозиятҳои мардум амиқтар аст ва далелҳои бештаре дорад. Рӯзи гузашта эътирозгарон муҷассамаи Нурсултон Назарбоев, нахустин президенти Қазоқистонро тахриб карданд.

XS
SM
MD
LG