Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории яке аз ёрони дерини Нурсултон Назарбоев


Нурсултон Назарбоев ва Карим Масимов
Нурсултон Назарбоев ва Карим Масимов

Карим Масимов, ки солҳои дароз аз шарикони президенти собиқи Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, буд, аз мансаби раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар барканор шудааст. Шаби 6-уми январ ба ин мансаб Ермек Сагимбоевро таъин карданд.

Масимови 56-сола моҳи сентябри соли 2016 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон шуда буд. Вай пеш аз он, ҳафт сол, дар мақоми нахуствазири Қазоқистон кор кардааст.

Тағйири раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар пайи идомаи эътирозҳо дар гӯшаҳои мухталифи ин кишвар ва оғози “амалиёти вижаи зиддитеррористӣ” дар Алмаато сурат гирифт.

Дар Алмаато, ки вазъи фавқулода эълон гардида буд, рӯзи 5-уми январ шахсони ношинос бо калтакҳои резинӣ ва сипарҳо ба бинои ҳукумати шаҳр ҳамла карданд. Дертар дар бораи тасарруфи фурудгоҳи Алмаато аз тарафи шахсони номаълум хабар расид. Мақомот ин амалро “ҳамла ба Қазоқистон” номиданд.

Рӯзи 2-юми январ эътирозҳо алайҳи афзоиши нархи гази моеъ дар Жанаозен оғоз шуд ва сипас дар Актау, Алмаато, Нурсултон, Атирау ва Чимкент ҳамовозӣ ёфт.

Рӯзи 4-уми январ кумисюни ҳукуматӣ бо супориши раисиҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев ваъда дод, ки талаби норозиёнро иҷро хоҳад кард. Пас аз се рӯзи эътирозҳо, президент Тоқаев ҳукуматро барканор, танзими давлатии нархҳоро ҷорӣ ва дар се минтақа вазъияти изтирорӣ эълон кард, аммо эътирозҳо идома ёфтанд.

Ҳоло дар саросари Қазоқистон вазъияти фавқулода ҷорӣ шуда, мақомот барои саркӯби ба гуфтаашон “таҳдиди террористӣ” аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ёрӣ хостаанд.

XS
SM
MD
LG