Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бозии дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Гурҷистон дар Тифлис


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагиро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оғоз кард, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ба нахустин ҷамъомади таълимию тамринии имсола, ки даҳ рӯз идома меёбад, 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдонӣ даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо рӯзҳои 15-16-уми январ дар пойтахти Гурҷистон - Тифлис баргузор мешаванд.

Зимнан, рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тавассути қуръакашӣ, ки 6-уми январ дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур барпо мегардад, маълум хоҳанд шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтакаи муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 1-ум то 15-уми апрел дар Бишкеки Қирғизистон барпо мегардад, ҳунарнамоӣ мекунад.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи XVI қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро компания»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Умед Қузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гулаков (ҳарсе аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Оқҷепес», Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов (ҳарсе аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

XS
SM
MD
LG