Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар Қирғизистон баргузор мешавад


Мунтахаби футзали Тоҷикистон.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) кишвареро, ки дар онҷо бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар минтақаи муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мешавад, эълон кард. Ин мусобиқаи интихобӣ аз 1-ум то 15-уми апрели имсол дар Қирғизистон доир мегардад.

Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, ки аз рӯи натиҷаҳои он рақибони тими миллии Тоҷикистон маълум хоҳанд шуд, рӯзи 6-уми январ дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур барпо мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар сабади дувум дар баробари мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифтааст.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи XVI қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд.

Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини конфедератсия иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Сабади 1: Эрон, Узбекистон.

Сабади 2: Қирғизистон, Тоҷикистон.

Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.

Сабади 4: Непал, Молдив.

XS
SM
MD
LG