Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи рахнагарони "вобаста ба Эрон" ба саҳифаи ду нашрияи исроилӣ


Рӯзномаи исроилии Jerusalem Post рӯзи 3-юми январ аз шикаста ё ҳак шудани вейбсати худ хабар дод. Ҳамзамон рӯзномаи Maariv Online низ рахна шудани ҳисоби корбарии ин расонаро дар "Твиттер" тасдиқ кард.

Jerusalem Post ин ҳодисаро кори "ҳаккерҳои вобаста ба Эрон" дониста, сабаби онро солрӯзи кушта шудани Қосим Сулймонӣ эълом кардааст.

Дар тасвири графикие, ки чанд соат дар вебсайти ҳакшудаи Jerusalem Post қарор гирифт, аз суханони Қосим Сулаймонӣ нақл шудааст, ки гуфта буд, "мо ба Шумо аз ончӣ фикр мекунед, наздиктар ҳастем." Дар тасвир ҳамчунин ангуштари ақиқи дар мушт гиреҳшуда ва як мушак ҳаст.

Тасвири мушак аз размоиши ахири Сипоҳи посдорони Эрон бардошта шуда, ангуштар ёдоварӣ аз ангуштари Қосим Сулаймонӣ аст, ки соле пеш дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар фурудгоҳи Бағдод кушта шуд.

Вебсайти Jerusalem Post ва ҳисоби корбарии Maariv Online дар "Твиттер" пас аз муддати кӯтоҳ, аксҳо ва паёмҳои қароргирифта тавассути рахнагаронро бекор карданд ва ба ҳолати оддӣ баргаштанд.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ва Маҳдӣ Ал-Муҳандис, як раҳбари ниманизомиёни ироқӣ субҳи 3-юми январи соли 2020 дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар фурудгоҳи Бағдод кушта шуданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури вақти Амрико, дар вокуниш ба ҳамла ба манофеи кишвараш дар Ироқ дастури ин ҳамларо дода буд. Чанд рӯз баъд аз кушта шудани Сулаймонӣ ва Ал-Муҳандис, Эрон яке аз пойгоҳҳои амрикоиро дар Ироқ мушакборон кард.

XS
SM
MD
LG