Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манучеҳр Сафаров аз беҳтаринҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 шинохта шуд


Манучеҳр Сафаров.
Манучеҳр Сафаров.

Сайти расмии Конфедератсияи футболи Осиё бо хатми назарсанҷиҳояш, тими мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021-ро эълон кард. Тибқи ин назарсанҷӣ, футболбози шинохтаи тоҷик Манучеҳр Сафаров беҳтарин ҳимоятгари самти рости Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли 2021 шинохта шуд.

Дар назарсанҷие, ки сайти Конфедератсияи футболи Осиё барои муайян кардани 11 беҳтарин бозигари Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар соли 2021 баргузор кард, аз Манучеҳр Сафаров ба унвони яке аз беҳтарин ҳимоягарон ном бурда шудааст. Манучеҳр Сафаров бозигари пешини дастаи "Истиқлол" мебошад ва ҳоло дар дастаи "Персеполис"-и Теҳрон ҳунарномоӣ мекунад. Ӯ моҳи декабри соли гузашта бо ин дастаи шинохтаи эронӣ ба муддати 3 сол қарордод имзо кард.

Ин бозигари 20-солаи тоҷик дар ин назарсанҷӣ Конфедератсияи футболи Осиё 63 дарсади раъйҳоро ба даст овард. Рақибони ӯ Муҳаммад Ал-Бурайк аз (Ал-Ҳилол) 27 дарсад, Султон Ал-Ғаннам (Ан-Наср) 8 дарсад ва Казуя Мияҳара аз бошгоҳи “Нагоя Грампус”-и Ҷопон 1 дарсад раъйҳоро ба даст оварданд.

Манучеҳр Сафаров соли гузашта дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё хуб ҳунарнамоӣ кард ва ду голи ӯ дар бозӣ муқобили қаҳрамони ин даври мусобиқа - "Ал Ҳилол", ки бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 4:1 анҷом ёфт, боиси тавсифи зиёд аз ҷониби коршиносон гардид.

"Истиқлол", қаҳрамони Тоҷикистон, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт, ки дар он марҳила аз "Персеполис", қаҳрамони Эрон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд, аммо бозии Сафаров таассуроти хуб боқӣ гузошт.

Дар тими мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 шаш бозигари "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ шомил мебошанд. "Ал-Ҳилол" дар бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дастаи "Пхонан Стилерс"-и Кореяи ҷанубиро шикаст дод. "Ал-Ҳилол" соли 2020 низ барандаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шуда буд.

Тими мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 ба ин тартиб аст:

Дарвозабон: Муҳаммадризо Ахборӣ (Трактор-Эрон),

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров (Истиқлол Тоҷикистон-Персеполис -Эрон), Янг Ҳунсоо (Ал-Ҳилол), Носир Ад-Давсарӣ (Ал-Ҳилол) ва Абдуллоҳ Ал-Умарӣ (Ан-Наср),

Нимҳимоятгарон: Маҳдӣ Туробӣ (Персеполис), Солим Ад-Давсарӣ (Ал-Ҳилол) ва Салмон Ал-Фараҷ (Ал-Ҳилол),

Ҳамлаварон: Мусо Марега (Ал-Ҳилол), Абдураззоқ Ҳамдуллоҳ (Ан-Наср) ва Бафетимби Гомис (Ал-Ҳилол).

XS
SM
MD
LG