Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мардумро ғорат накунанд ва надузданд.” ВИДЕО


Озодӣ Онлайн

Арзон шудани нархҳо, беҳтар шудани сифати интернет, доимӣ шудани барқ, боло рафтани маош ва аз байн рафтани “облава” орзуи аслии корбарони Радиои Озодӣ будааст.

Ба суоли “Шумо аз соли 2022 чӣ интизор доред ва Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳед?” бештар аз ду ҳазор нафар дар саҳифаи Инстагарм ва Фейсбуки Радиои Озодӣ посух навиштанд.

Як орзуи асосии аксарияти мардуми шабакаҳои иҷтимоӣ ин будааст, ки соли оянда маошҳо зиёд ва нархҳо арзон шавад. Яке аз ин корбарон Амин Файзов аст, ки навиштааст, мехоҳад, маоши миёнаи кормандони давлатӣ 1000 доллар шавад. Корбари дигар Нуриддин Султонҳайдаров гуфтааст, маоши кормандону нафақахурон аз 3000 то 5000 сомонӣ зиёд карда шавад. “Мубориза бо порахурӣ пурзӯр шавад. Нархи хонаҳои баландошёна арзон шавад. Андоз мувофиқи даромад бошад. Интернети баландсуръат бо нархи дастрас ҷорӣ шавад. Квотаи президентӣ барои донишҷӯдухтарони ноҳияҳои дурдастро ду баробар зиёд кунанд.”, --навиштааст Султонҳайдаров.

Айни орзуро корбари дигаре бо номи Абдурауф Ҳакимов доштааст, ки дар саҳифаи мо дар Инстаграм навишта ва хостааст, ҳаҷми андоз ва ё молиёт дар Тоҷикистон кам карда шавад. Молиёте, ки шикоят аз он дар соли 2021 бисёр зиёд буд. Бақияи шарҳи Абдурауфро ҳамроҳ мехонем: “Нерӯи барқ арзон шавад ва андоз пойин равад. Нафақа баланд карда шавад. Барои кӯдакон кӯмакпулӣ ташкил кунанд. Беморхонаҳо бепул шаванд. Мактабу боғчаҳо бепул шавад, интернет арзон шавад”.

Орзуе, ки зоҳиран амалӣ шудани он дар солҳои оянда ҳам имконнопазир ба назар мерасад. Корбарони дигар, ки зоҳиран муҳоҷиранд, орзу доштаанд, ки Худо кунаду соли 2022 аз дарди сари патентгирӣ дар Русия халос шаванд. Яке аз ин корбарон, ки худро Ҳоҷимурод Давлатзода муаррифӣ кардааст, навиштааст, “мушкили аввалиндараҷаи муҳоҷирон дар 20 соли ахир ҳамин патент аст”.

Як орзуе, ки бештар ҷавонони хидматнокарда доштаанд, аз байн рафтани сарбозшикор ва ё ба қавли мардумӣ облава будааст. Калимае, ки соли 2021 баҳору зимистон дар Тоҷикистон зиёд садо медод. Бахтовар Юнусов, як корбари Радиои Озодӣ дар Инстаграм орзу кардааст, ки дар соли 2022 “Облава” аз байн бурда шавад.

Гурӯҳе аз корбарон дар бораи ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон орзу карда ва аз мақомот хостаанд, ки ба ҳуқуқи бунёдии мардум ба мисли озодии сухан эҳтиром гузоранд. Ҳаққе, ки аз маҳдуд шудани он дар кишвар зиёд гуфта мешавад. Шарҳи як корбар бо номи Ҳабиб Давлатов чунин аст: “Соли 2022 озодӣ бошад, демократия бошад, халқ озод сухан гӯяд, мардумро ғорат накунанд ва надузданд.”

Синавбаршо Нуренов ин баҳсҳоро бо ин навишат хулоса кардаас: “Ашки модари тоҷик фақат аз хушӣ бошад, на барои тобути фарзанди ҷавонмаргаш. Осмони соф ба Ватан!”

Шумо ҳам метавонед, бинависед, ки орзуи асосиатон дар соли 2022 чӣ ҳаст. Ба мо дар вебсайти Радиои Озодӣ нависед ва ё дар видео сабт кунед, бифристед.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

"Мардумро ғорат накунанд ва надузданд”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

XS
SM
MD
LG