Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ва Путин дигарбора аз Украина хоҳанд гуфт


Ҷо Байден ва Владимир Путин
Ҷо Байден ва Владимир Путин

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 30-юми декабр бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтугӯи телефонӣ хоҳад дошт, чун танишҳо аз афзоиши ҳузури сарбозони рус дар марзи Украина ва талабҳои амниятии Русия аз НАТО боло мегиранд.

Эмилӣ Ҳорн, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, рӯзи 29-уми декабр гуфт, ки ду раҳбар “силсилае аз масоил, аз ҷумла муколамаҳои дипломатӣ бо Русияро баррасӣ мекунанд”.

Гуфтугӯ замоне сурат мегирад, ки мақомоти Амрико ва Русия барои мулоқот дар рӯзи 10-уми январ дар шаҳри Женева омодагӣ мегиранд ва қарор аст, назорат бар аслиҳа ва афзоиши таниш бо Украинаро баррасӣ кунанд.

Дар як моҳи охир бори дуввум аст, ки Ҷо Байден ва Владимир Путин телефонӣ гуфтугӯ мекунанд. Аввали ҳамин моҳ Байден ба Путин гуфт, ки дар сурати ҳамла ба Украина, Русия ба “оқибатҳои ногуворе” барои ин амалаш дучор хоҳад шуд.

Як мақоми ҳукумати Амрико ба хабарнигорон гуфтааст, Ҷо Байден ба Путин хоҳад гуфт, ки “Амрико омодаи дипломатия ва ҳаракат аз роҳи дипломатия ба пеш аст.” Айни замон ба гуфтаи ӯ, дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, Амрико омодаи вокуниш аст.

Русия аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, ки Украинаро ба НАТО қабул накунанд, вале ин талаби онро Амрикову шариконаш рад карданд.

XS
SM
MD
LG