Додгоҳи зинаи болоӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 28-уми декабр шикояти 13 фаъоли ҷамъиятиро бетағйир гузошт, ки ба иштирок дар созмони мамнуъ гунаҳкор шудаанд.
Додгоҳи зинаи болоӣ гуфт, гуноҳи онҳо тасдиқ шудааст.
Галим Нурпеисов, вакили мудофеи фаъолон гуфт, тасмим доранд, ба зинаи дигари додгоҳӣ ва додгоҳи байнулмилалӣ муроҷиат кунанд.
Рӯзи 11-уми октябри имсол додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон чаҳор фаъолро 5-солӣ зиндонӣ кард. 9 фаъоли дигар ба маҳдудияти озодӣ аз 1 то 2 сол маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунин онҳоро аз машғул шудан ба фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсӣ аз 2 то 5 сол манъ кард. Фаъолон ин ҳукмро қабул надоранд.