Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзиши тоҷик. Соли баъзе дастовардҳо, аммо бе медали олимпӣ. ВИДЕО 


Паҳлавони номдори тоҷик Темур Раҳимов (аз чап).

Мавсими варзишии имсола ба поён расид. Бархе аз варзишгарони тоҷик дар соли 2021 дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба як силсила дастовардҳо мушарраф шуданд. Дар ин гузориш нигоҳе дорем ба бурду бохти варзиши тоҷик дар соле, ки сипарӣ мешавад.

Темур Раҳимов – беҳтарин варзишгари сол

Дастоварди бузурги варзишии сол ба Темур Раҳимов марбут аст. Ин паҳлавони 24-солаи тоҷик дар мусобиқаи ҷудо “Baku Grand Slam” ё “Тоскӯлоҳи бузург”, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку – баргузор шуд, дар вазни беш аз 100 кило бо медали нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3000 евро сарфароз гардид.

Зимнан, Темур Раҳимов дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин барандаи медали нуқраи мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии “Grand Slam” мебошад. Дар мавсими имсола Раҳимов дар нӯҳ мусобиқаи байналмилалӣ ширкат дошт ва дар Боку ба натиҷаи беҳтарини худ ноил гашт.

Темур Раҳимов, инчунин имсол барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар Бишкек, медали биринҷии мусобиқаи Grand Slam дар Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб ва ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд. Ҳамчунин вай соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио гардид ва дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

"Ман аз хурдӣ гуштинро дӯст медоштам. Падарам гуштингир буданд, тағоям гуштингир буданд, аз онҳо ибрат гирифта, соҳаи гуштинро пеш гирифтам. Ман орзу дорам, ки ба мисли Расул Боқиев дар қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ медал ба даст биёрам”, - иброз дошт ӯ.

Акмалиддин Каримов ба орзуи деринаи худ расид

Акмалиддин Каримов, паҳлавони 31-солаи тоҷик, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо даст ёфт. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Тринидад ва Тобаго, Марокашу Қазоқистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Акмалиддин, ки дар финал қаҳрамони ҷаҳон - Саян Хертеки русиягиро шикаст дод, бо медали тилло ва 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Акмалиддин Каримов/
Акмалиддин Каримов/

Зимнан, Акмалиддин Каримов баъди Саидмуъмин Раҳимов (соли 1975), Беҳрӯзи Хоҷазода (соли 2017) ва Хушқадам Хусравов (соли 2018) чаҳорумин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст.

Акмалиддин инчунин имсол барандаи медалҳои нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербург ва Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия гардид.

“Ман дар чемпионати ҷаҳон чор маротиба медали нуқра ва се бор медали биринҷӣ гирифта будам ва имсол кӯшиш кардам, ки дар ин чемпионати ҷаҳон медали тилло ба даст биёрам. Ман хушҳолам, ки ба орзуи худ расидам. Дар соли 2022 ман тибқи нақша дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ ширкат хоҳам кард. Бинобар ин тамринҳои худро идома медиҳам ва мақсад дорам, ки дар оянда чемпиони дукаратаи ҷаҳон шавам”, - гуфт ӯ.

Медали тиллои Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳонии бокс

Дар мавсими имсолаи варзиш бархе аз духтарони тоҷик низ дар мусобиқоти байналмилалӣ муваффақ шуданд. Миҷгона Самадова яке аз онҳост. Ӯдар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар шаҳри Нижневартовски Русия медали тилло ба даст овард.

Миҷгона дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Лаҳистон ва Русия ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар финал Мунгунсаран Балсани муғулро шикаст дод.

Миҷгона Самадова.
Миҷгона Самадова.

Миҷгона Самадова дар мавсими имсола, инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Ба ҷуз аз медал ба ӯ ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 2500 доллари ИМА супурда шуд.

"Хотирмонтарин лаҳза барои ман ҳамон лаҳзае буд, ки ба пояи мақоми аввал баромадаму он ҷо суруди миллии кишварам садо дод ва парчами миллӣ барафрохта шуд", - иброз дошт ӯ.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ ёфт, вале тими миллӣ ноком шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-23) бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ пайдо кард. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо иштироки 16 дастаи беҳтарини қора аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”, ки моҳи октябри имсол дар Душанбе доир гардид, ба дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз тими Эрон (2:3) шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи дуюмро соҳиб шуд.

Варзиши тоҷик. Баъзе дастовардҳои сол, аммо бе медали олимпӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:45 0:00


Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ рақобат карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо - Қатар, Эрон, Ироқ, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Урдун, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Малайзия, Ҷопон ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо - Тайланд, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Тоҷикистон - ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо намуданд. Мунтахаби Узбекистон ба Ҷоми Осиё-2022 ба ҳайси мизбон роҳхат гирифтааст.

Вале коршиносону мутахассисони футболи тоҷик аз бохти тими миллии кишвар дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ва маҳрумият аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқот нигаронанд. Дарвоқеъ,​ мунтахаби миллии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона дастаест, ки ҳанӯз ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтааст.

«Истиқлол» пурқувваттарин бошгоҳи Осиёро мағлуб кард

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе имсол дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC тими аз рӯи шумораи ҷомҳои ба даст овардааш рекордсмени ин мусобиқа – «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро шикаст дод.

Бозӣ дар варзишгоҳи Риёз бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи қаҳрамони Тоҷикистон анҷом ёфт. Вале баъдан душанбегиҳо дар даври ҳаштякниҳоӣ дар майдони худ аз тими «Персеполис»-и Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд ва аз ҳаққи иштирок дар чорякфинали Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 маҳрум гаштанд.

Дар Олимпидаи Токио варзишгарони тоҷик бе медал монданд

Соли 2021 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ноком шуданд. Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе оид ба бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор оид ба ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) дар Олимпиадаи Токио натавонистанд медал ба даст биёранд.

Зимнан, аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва, умуман, собиқи Шӯравӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.

Соҳаи варзиш ба сохтори алоҳида ниёз дорад

Мутахассисони варзидаи соҳа дар Мизи гирди Радиои Озодӣ, ки 5-уми август доир гардид, барои ислоҳи вазъ ва омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои навбатии олимпӣ соли 2024 дар Пориси Фаронса пешниҳодҳои мушаххас карданд.

Маҳмуд Абдуллоев, коршиноси соҳаи варзиш.
Маҳмуд Абдуллоев, коршиноси соҳаи варзиш.

Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахши варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 шахсони масъул – раҳбарони Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, федератсияҳои дахлдори варзишӣ ва сармураббиёни дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ – аз вазифаашон истеъфо диҳанд.

Коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев, пешниҳод кард, ки сохтори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тағйир дода, кумитаи варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд ва ба роҳбарии соҳа мутахассисони пуртаҷрибаву кордон таъйин гарданд. Ӯ афзуд, «маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.»

Ҳамчунин дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ натиҷаҳои пасти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 интиқод шуд. Вале то ҳоло масъулини соҳа ба танқиду пешниҳодҳои мутахассисону коршиносон ва ҳаводорони варзиш вокуниш нишон надодаанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG