Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори боздоштшудаи қирғиз гуфтугӯ бо мақомдоронро рад кард


Бахтибек Қулмаҳмадов.
Бахтибек Қулмаҳмадов.

Бахтибек Қулмаҳмадов, сиёсатмадори боздоштшудаи қирғизистонӣ хабар дод, ки аз номи вай изҳороти дурӯғ нашр мекунанд. Муроҷиатномаи сиёсатмадорро вакили мудофеи вай Мирзоойим Қамчибекова нашр кард.

Қулмаҳмадов иттилоеро рад кард, ки бино бар он, гӯё бо мақомот гуфтугӯ дорад ва зидди сиёсатмадорони дигар - Иcмоил Исҳоқов, Аҳматбек Келдибеков, Омурбек Текебоев ва Жилдизхон Ҷолдошова - баёнот медиҳад. Қулмаҳмадов ҳамчунин гуфтааст, ки ғайриқонунӣ боздошт гардидааст.

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Бахтибек Қулмаҳмадов шаби 22 декабр боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, ӯро бо гумони "Ангехтани бадбинии нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё байниминтақавӣ" боздошт кардаанд. Додгоҳ Қулмаҳмадовро то рӯзи 9 феврали соли 2022 ба ҳабси пешакӣ гирифт.

XS
SM
MD
LG