Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия ба бастани "Мемориал Интернешнл" амр додааст


Додгоҳи олии Русия ба бастани "Мемориал Интернешнл", созмони маъруфи ҳуқуқи башар, амр додааст. Дар ин бора яке аз бахшҳои созмон рӯзи 28-уми декабр хабар дод.

Маркази ҳуқуқи башари "Мемориал" дар Твиттер навишт, ки "Додгоҳи олии Русия "Мемориал Интернешнл"-ро аз байн бурд."

Ин парванда аз тарафи додситонҳо тибқи қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ" оғоз шудааст. Мансабдорони Русия аз ин қонун бештар барои саркӯби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бастани расонаҳо истифода мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои барҳам додани созмони "Мемориал Интернешнл", ки аз охири солҳои 80-уми асри гузашта ба таҳқиқи ҷиноятҳои замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳифзи ҳуқуқи башар дар Русия кор мекунад, заминаи қонунӣ вуҷуд надорад.

Онҳо мегӯянд, талаби Додситонии кулли Русия дар бораи бастани "Мемориал Интернешнл" дорои ангезаи сиёсӣ аст.

XS
SM
MD
LG