Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даромади хуб интизорем". Дар Хатлон моҳӣ зиёд шудааст. ВИДЕО


Моҳипарварони хатлонӣ аз натиҷаи заҳматашон қаноатманд будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Моҳипарварони хатлонӣ аз натиҷаи заҳматашон қаноатманд будаанд

Сафаралӣ Маҳмадқулов, як моҳипарвар дар Хатлон мегӯяд, ба фурӯши даҳҳо тонна моҳӣ омодагӣ гирифтааст.

Ӯ бо такя ба таҷрибаи 30-солааш гуфт, моҳӣ назар ба солҳои пеш фаровон буда, даромади хуберо интизор аст. “Моҳӣ хуб аст, ҳар як ҳавз аз 10-15 то 20 тонна моҳӣ медиҳад.",--гуфт ӯ.

Имсол моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дустӣ 558 тонна моҳиро ба бозор баровардаанд, ки назар ба соли гузашта 31 тонна зиёд будааст.

Дар ҷануби Тоҷикистон 265 хоҷагии моҳидорӣ фаъол аст. Ин хоҷагиҳо соли гузашта 1245 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд.

Дар бозорҳои маҳаллӣ як килограм моҳӣ аз 20 то 45 сомонӣ арзиш дорад. Сокинон мегӯянд, бо вуҷуди бештар шудани моҳӣ нархи он гарон боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG