Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайати расмӣ аз Қазоқистон ба Афғонистон сафар кардааст


Бахит Султонов, вазири савдои Қазоқистон
Бахит Султонов, вазири савдои Қазоқистон

Як ҳайат аз Қазоқистон ба Афғонистон сафар кардаанд, то масоили тиҷорату савдоро бо Толибон баррасӣ кунанд.

Ин ҳайатро, ки рӯзи 25-уми декабр вориди Кобул шудаанд, Бахит Султонов, вазири савдои Қазоқистон ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо бо худ ҳамчун кумак ба мардуми Афғонистон 500 килогарм доруворӣ ва панҷ ҳазор тонна орд бурдаанд.

Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, се кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ доранд. Мақомоти тоҷик пайваста ҳукумати Толибонро танқид мекунанд ва мегӯянд, бо ин ҳукумат ҳамкорӣ нахоҳанд кард.

Толибонро ҳанӯз ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохтааст, вале бархе аз кишварҳо бо ин гурӯҳ ҳамкорӣ доранд.

XS
SM
MD
LG