Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Google"-ро дар Русия 98 миллион доллар ҷарима карданд


Рамзи ширкати "Google".
Рамзи ширкати "Google".

Додгоҳе дар Маскав ширкати "Google"-ро барои пок накардани матлабҳое, ки қонунгузории ин кишвар талаб мекунад, 7,2 миллиард рубл, наздики 98 миллион доллар ҷарима кардааст.

Ширкат ба он муттаҳам мешавад, ки талаботи қонунгузории Русияро иҷро накардааст ва такроран қонуншиканӣ кардааст.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки даромади Google дар Русия дар соли 2020 85 млрд рубл буд.

Русияро барои маҳдуд кардани озодии баён дар интернет танқид мекунанд. Мақомоти рус мегӯянд, Google наворҳои даъвати ноболиғон ба эътирозро нашр кардааст, ки ин хилофи қонун аст.

Русия аз кишварҳои саркубкунандаи озодии баён дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG