Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқсақолони қирғиз хонаводаи марди гумонбар дар таҷовузро аз деҳа ронданд. ВИДЕО


Оқсақолони ноҳияи Сокулук қарор карданд, ки хонаводаи марди муттаҳам ба таҷовуз аз деҳа хориҷ шавад.
Оқсақолони ноҳияи Сокулук қарор карданд, ки хонаводаи марди муттаҳам ба таҷовуз аз деҳа хориҷ шавад.

Додситони кулли Қирғизистон қарори гуруҳе аз оқсақолонеро ғайриқонунӣ номид, ки амр доданд, хонаводаи як марди муттаҳам ба таҷовуз аз деҳа ронда шавад.

Дар ин кишвар то кунун Додгоҳи оқсақолон амал мекунад, ки аз пирамардону афроди муътабари деҳа ташкил ёфтааст. Аммо ҳоло ин амри онҳо нигарониро ба бор овардааст, ки оқсақолон, ба истилоҳ, аз ҳад гузаронидаанд.

Қазияи талоши таҷовузи ҷинсии духтаре, таваҷҷуҳро ба додгоҳи оқсақолон дар Қирғизистон кашид. Оқсақолон дар инҷо амр доданд, ки хонаводаи Нурлан, марди муттаҳам ба таҷовуз аз деҳа ронда шавад.

Элиза, ҳамсари Нурлан гуфт, “намегӯям, ки ба Нурлан раҳм кунанд, вале ба кӯдаконам раҳм кунанд. Охир худашон ҳам кӯдак доранд, кӯдакони ман бисёр хурд ҳастанд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Оқсақолони қирғиз хонаводаи марди гумонбар дар таҷовузро аз деҳа ронданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Муттаҳам ба талоши таҷовуз дар боздошт аст ва тафтиш идома дорад, вале додгоҳи оқсақолон ҳукми хешро содир кард.

Оқилбек Ҷилҷимишев, раиси маҳалла мегӯяд, “ба мардум вақт лозим аст, ки бубахшанд. Ҳоло талаб доранд, ки оила деҳаро тарк кунад. Ин қарори сахти оқсақолон аст. Қарорашон дигар қабул шуд. Ҳар як деҳа қонуни нонавиштаи худро дорад. Ман намегӯям, ин қарор дуруст ҳаст, ё не, аммо онро иҷро мекунанд.”

Дар Қирғизистон соли 2002 ба “Додгоҳи оқсақолон” иҷозаи расмӣ доданд ва он аз 50 шахси мӯътабари деҳа ташкил меёбад. “Додгоҳи оқсақолон” ҳамзамон бо низоми додгоҳии маъмулӣ амал мекунад ва солҳои ахир фаъолтар шудаанд.

Соли 2015-ум ин додгоҳҳо 10 000 парванда ва соли 2018-ум 65 000 парвандаро баррасӣ кардаанд.

Парвандаи таҷовуз ин нигарониҳоро барангехт, ки “Додгоҳи оқсақолон” аз салоҳиятҳояшон фаротар мераванд, зеро бар асоси қонун ҳақ доранд, фақат дар тақсими моликият ва ҷанҷолҳои оилавӣ дахолат кунанд. Урозбек Бордибоев, додситони кулли Қирғизистон қарори Додгоҳи оқсақолонро ғайриқонунӣ донист. “Оила ҳақ дорад, ҳар куҷое хоҳад, зиндагӣ кунад. Маъмурони пулис аз рӯзи 5-уми декабр онҳоро муҳофизат мекарданд, чун ба онҳо таҳдид кардаанд, ки хонаашонро оташ мезананд, оила аз тарс аз деҳа рафтаанд.”,--гуфт Додситони кулл.

Таҳқиқоти гуногун нишон додаанд, ки зӯроварӣ ба зан дар Қирғизистон зиёд шудааст. Дар ин ҳодиса, ҷабрдида духтари 16-солаест, ки ӯро барои муолиҷаи захмҳо ва кумаки равонӣ ба шифохона бурдаанд. Муовини ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон гуфтааст, мардуми деҳа аз кори мақомоти интизомӣ норозӣ будаанд, вале оқсақолон ҳам ҳаққи дахолат ба ин парвандаро надоранд.

XS
SM
MD
LG