Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани "Истиқлол" беҳтарин футболбози соли 2021 дониста шуд


Алишер Ҷалилов нимҳимоятгар ва капитани дастаи "Истиқлол"

Алишер Ҷалилови 28-сола, нимҳимоятгар ва капитани дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, дар як маросими ботантана, ки рӯзи шанбеи 25-уми декабр дар "Кохи Парфенон"-и Душанбе доир гардид, беҳтарин бозигари соли 2021 эълон шуд.

Дастаи футболи "Истиқлол" зери раҳбарии Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД ва аз дӯстони Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, амал мекунад.

Барои дарёфти ин ҷоиза Алишер Ҷалилов аз ду довталаби дигар – нимҳимоятгари КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагари дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан Илҳомҷон Баротов пеш гузашт.

Алишер Ҷалилов барои дуюмин бор аст, ки барандаи ҷоизаи "Беҳтарин бозигари сол" мегардад. Ӯ бори аввал соли 2019 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Фатҳулло Фатҳуллоев соли 2017 ва Илҳомҷон Баротов соли 2020 ба гирифтани ҷоизаи мазкур мушарраф шуда буданд.

Дар маросиме, ки онро Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе баргузор кард, бар асоси натиҷаҳои мавсими соли 2021 ғолибон боз аз рӯи чаҳор номгӯ ё номинатсия эълон шуданд.

Барои дарёфти ҷоизаи "Беҳтарин бозигаре, ки аз Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад", се довталаб буд ва ҳарсе узви дастаи мунтахаби миллии кишвар мебошанд: нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев ("Локомотив", Пловдив, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе ("Навбаҳор", Узбекистон), инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев ("Торпедо-БелАЗ", Беларус). Ин ҷоиза ба Эҳсони Панҷшанбе супурда шуд.

Ба Файзалӣ Сардоров аз дастаи "Соро Компания"-и Душанбе ҷоизаи "Беҳтарин бозигари футзал дар соли 2021" тақдим гардид.

Ҳамчунин барандагони ҷоизаҳои "Беҳтарин футболбоззани сол" ва "Чеҳраи умедбахш" - футболбози ояндадори Лигаи наврасон бо тӯҳфаҳо сарфароз шуданд.

Лайло Ҳалимова, ҳамлагари бошгоҳи «Хатлон»-и Бохтар, ки бо дастааш медали тиллои қарамонии Тоҷикистонро миёни занон ба даст оварда, бо 67 голи задааш беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид, бо ҷоизаи «Беҳтарин футболбоззани сол» сарфароз гашт.

Далер Шарипов, ки қаблан ҷоизаи «Беҳтарин бозигари Лигаи якум»-ро гирифта буд, футболбози умедбахши сол дониста шуд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG