Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абу-Забӣ: мусофирони тоҷикистонӣ аз карантини баъди сафар озод ҳастанд


Мақомоти Абу-Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз 26-уми декабр ба шаҳрвандони 73 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон иҷоза доданд, ки вақти сафар ба ин шаҳр аз карантини ҳатмии вобаста ба пандемияи коронавирус озод бошанд. Дар ин бора рӯзи 25 декабр матбуоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар дод.

Ба истилоҳ “рӯйхати кишварҳои сабз”е, ки мақомоти Абу Даби тартиб медиҳанд, бо сабаби паҳншавии бештари навъи Омикрони коронавирус аз 95 кишвари пешин то 73 адад кам карда шудааст. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки вақтҳои охир дар ин кишвар ҳодисаҳои олудашавии нав ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале бисёриҳо ба дурустии омори расмӣ бовар надоранд. Мақомоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯянд, ки пеш аз нишастан ба ҳавопаймо ҳар мусофир бояд ПСР-тести коронавирусро супорад.

Душанбе бо Абу-Заби парвози мустақим надорад ва мусофирон тавассути хатсайрҳои транзитӣ метавонанд ба ин шаҳр сафар кунанд. Шаҳри тиҷоратии Дубаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ яке аз маконҳои маъруфи сайру саёҳат ва истироҳату тиҷорати бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба самти Дубай аз Душанбе парвози мустқим амал мекунад.

XS
SM
MD
LG