Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сол баъд. Ҳукми муттаҳамони сӯхтори мудҳиши “Зимняя вишня” содир шуд


Додгоҳи муттаҳамони сӯхтор дар "Зимняя вишня"
Додгоҳи муттаҳамони сӯхтор дар "Зимняя вишня"

Рӯзи 24 декабр дар додгоҳи марказии вилояти Кемеровои Русия барои сӯхтори мудҳиш ва пурқурбонӣ дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня”, ки дар наҷоти ҷони одамон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ширкат кардаанд, ҳукми ниҳоии гурӯҳи навбатии муттаҳамон содир шуд. Ҳукмро давоми панҷ рӯз қироат карда, дар ниҳоят, ба маълумоти хабарнигори Сибирь.Реалии, айбдоршудаҳо ба мӯҳлати аз 7 то 18 соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ гуфт, ки ҳагоми сохтмон қонуншиканиҳои зиёде роҳ ёфтааст, ки сабаби асосии зуд паҳн шудани оташ гардид.

Танзила Комкова, собиқ сардори раёсати назорати давлатии сохтмон дар порагирӣ, сӯиистифода аз мансаб ва пулшӯӣ айбдор шуда, ба 18 соли зиндон маҳкум гардид. Ӯ инчунин бояд 80 миллион рубл ҷаримаро пардохт намояд. Раиси ширкати сохтмонии “ИСК” Никита Чередниченко ҳам дар порагирӣ муттаҳам ва ба 15 соли зиндону пардохти ҷприма дар ҳаҷми 70,5 миллион рубл вазифадор шуд. Писари Комкова - Эдуард Комков, ки ҳаммолики ширкати сохтмонӣ будааст, 10 соли зиндони низомаш сангин ва 70 миллион рубл ҷарима гирифт.

Тафтиш маълум кардааст, ки ин се айбдоршуда аз сохтмончиёни маркази савдо 7 миллион рубл пора гирифтаанд. Вале ҳеҷ як нафари онҳо иттиҳомро эътироф накард.

Моҳи ноябри имсол додгоҳи Кемерово ҳашт нафари дигарро аз рӯи сӯхтор дар маркази савдои “Зимняя вишня” ба мӯҳлати 5 то 14 соли зиндон маҳкум кард. Дар додгоҳ ҳанӯз муҳокимаҳои сардорони собиқи раёсати ҳолатҳои изтирории Кемерово ва идораи раёсати назорати корҳо идома дорад.

Сӯхтор дар маркази савдои “Зимняя вишня” 25 марти соли 2018 рух дод. Дар ин ҳодиса 60 нафар, аз ҷумла 37 кӯдак кушта шуданд ва 147 нафар маҷрӯҳ гардиданд. 15 нафари мутасаддӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Тоҷиконе, ки дар наҷоти одамон саҳм гирифтанд

Ба иттилои Радиои Озодӣ, вақте дар маркази савдо сӯхтор сар зад, дастикам панҷ корманди тоҷикистонии “Зимняя вишня” барои наҷоти одамон ёрӣ расониданд. Яке аз онҳо Фарзон Салимов буд, ки масъули яке аз фурӯшгоҳҳои либосу пойафзол дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” буд. Салимову тоҷикони дигар даҳҳо нафарро аз оташи сӯхтори мудҳиш наҷот доданд.

Чанд моҳ баъди ин ҳодиса Фарзон Салимов аз ҷониби Кумитаи тафтишоти Русия ва ҳам Маҷмаи руҳониёни мусалмони Русия қадрдонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG