Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири нархи хӯрокворӣ дар соли 2021: нон 4%, маҳсулоти гӯштӣ 16%...


Соли 2021 болоравии якбораи нархи сабзӣ - як маҳсулоти муҳими таҳияи оши палаву дигар намудҳои хӯроки миллии тоҷикистониён бисёр сокинонро нороҳат кард
Соли 2021 болоравии якбораи нархи сабзӣ - як маҳсулоти муҳими таҳияи оши палаву дигар намудҳои хӯроки миллии тоҷикистониён бисёр сокинонро нороҳат кард

Оҷонсии омори Тоҷикистон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишварро дар 11 моҳи соли ҷорӣ 7,5% нишон додааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар ин муддат нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 6,6 фоиз боло рафтааст. Аз ҷумла, маҳсулоти нонӣ 4 дарсад, гуштӣ беш аз 16 фойиз, сабзавот зиёда 14 ва равған 21,4 дарсад гарон шудааст. Соли ҷорӣ арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 240 сомонӣ ба 300 сомонӣ ва бештар аз он расид. Нархи як литр равғани офтобпараст аз 13-14 сомонӣ ба 25 сомонӣ боло рафт. Бар иловаи маҳсулоти хӯрокворӣ, арзиши сӯзишворӣ ҳам ба таври камсобиқа боло рафт. Моҳи равон раиси Бонки Миллӣ дар ҷаласаи порлумон сабаби афзоиши нархро ба омилҳои берунӣ вобаста донист. Ҳоким Холиқзода гуфт, гарон шудани нархи гандум, равған ва шакар дар кишварҳои истеҳсолкунанда таъсири манфии худро ба қимати ин маҳсулот дар Тоҷикистон расонд. Раиси Бонки миллӣ ҳамчунин илова кард, ки дар оянда барои пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот бонк фишангҳои худро истифода мебарад. Аммо коршиносон роҳи ҳалро дар бештар намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар ва кам кардани сарбории андоз ба соҳибкорон медонанд. Дар ҳамин ҳол шаҳрдорӣ хабар медиҳад, ки дар арафаи соли нави милодӣ то 31-уми декабр дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Гуфта мешавад, дар ин ярмаркаҳо ба сокинон маводи хурковорӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG