Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: COVID-19 монеи ҷашнҳои солинавӣ дар Тоҷикистон шуд


Кӯчае дар маркази Душанбе, декабри соли 2021
Кӯчае дар маркази Душанбе, декабри соли 2021

Соли нави милодии 2022 ҳафтаи оянда фаро мерасад ва мақомот огоҳ карданд, ки ин ид бидуни барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ таҷлил хоҳад шуд. Ҳамчунин дар шаби соли нав дар шаҳри Душанбе истифода аз мушак ва маводи пиротехникӣ манъ аст. Чунин тасмим аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз бемории COVID-19 гирифта шудааст. Тибқи қарори ситод, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияҳои Душанбе танҳо дар кӯдакистонҳо баргузор мешаванд. Ҳамзамон, ба гуфтаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ҳам манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG