Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021 эълон шуданд


Манучеҳр Ҷалилов.
Манучеҳр Ҷалилов.

Имрӯз, 24-уми декабр, дар маҷмааи «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон доир гардид.

Бар асоси натиҷаҳои мавсими соли 2021 ғолибон аз рӯи сездаҳ номгӯ бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.

Барандагони ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2021:

Беҳтарин бозигари Лигаи аввал:

Далер Шарипов («Пахтакор»)

Беҳтарин нишонзани Лигаи аввал:

Абдуфаттоҳ Худойдодзода («Локомотив-Помир»).

Беҳтарин мураббии Лигаи аввал:

Ҳикмат Фузайлов («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин бозигари қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҷавонон:

Аминҷон Алиаҳмадов («Равшан»)

Беҳтарин мураббии қаҳрамонии Тоҷикистон байни ҷавонон:

Шарифҷон Зиёев («Хуҷанд»)

Беҳтарин довар:

Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе)

Беҳтарин дарвозабон:

Роҳат Ҷапаров (КМВА)

Беҳтарин ҳимоятгар:

Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)

Беҳтарин нимҳимоятгар:

Фатҳулло Фатҳуллоев (КМВА)

Беҳтарин ҳамлагар:

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Беҳтарин легионере, ки дар қаҳрамонии Тоҷикистон бозӣ мекунад:

Артём Сердюк («Хуҷанд»)

Беҳтарин мураббӣ:

Виталий Левченко («Истиқлол»)

Беҳтарин нишонзани Лигаи олӣ:

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Ғолибон боз аз рӯи панҷ номинатсия – «Чеҳраи умедбахш» - футболбози ояндадори Лигаи наврасон, беҳтарин бозигари футзал, беҳтарин футболбоззан, беҳтарин бозигари тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад ва беҳтарин футболбози сол дар як маросими ботантана рӯзи шанбеи 25-уми декабр дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG