Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии Ҷоми Осиё (U-23) моҳи феврал баргузор мешавад


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team U-23.
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan national football team U-23.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳайати пурраи сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) муаррифӣ кард. Қуръакашии ин мусобиқа 17-уми феврал баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки бори аввал дар Ҷоми Осиё иштирок мекунад, дар сабади чаҳорум бо Малайзия, Кувайт ва Туркманистон қарор гирифт ва рӯшан аст дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот бо ин дастаҳо дар як гурӯҳ бозӣ намекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ ташкил мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) тибқи тақвими AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Сабади якум: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Австралия.

Сабади дуюм: Урдун, Тайланд, Имороти Муттаҳидаи Араб, Эрон.

Сабади сеюм: Ироқ, Қатар, Ветнам, Ҷопон.

Сабади чорум: ТОҶИКИСТОН, Малайзия, Кувайт, Туркманистон.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бори аввал дар таърихи худ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо иштироки 16 дастаи беҳтарини қора соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи интихобии гурӯҳи “В”, ки моҳи октябри имсол дар Душанбе доир гардид, ба дастаҳои Лубнон (1:0) ва Непал (6:0) ғалаба карда, аз тими Эрон (2:3) шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи дуюмро азони худ кард.

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи қораи Осиё дар марҳилаи интихобӣ дар 11 гурӯҳ бозӣ карданд. Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 мушарраф шуданд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби олимпии Қатар (гурӯҳи “А”), Эрон (“В”), Ироқ (“С”), Кувайт (“D”), ИМА (“Е”), Урдун (“F”), Австралия (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ветнам (“I”), Малайзия (“J”), Ҷопон (“К”) ҳамчун ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд.

Дастаҳои мунтахаби Тайланд (“J”), Арабистони Саудӣ (“D”), Туркманистон (“F”) ва Тоҷикистон (“В”), ки дар байни дастаҳои ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо нишондодҳои беҳтарин доштанд, ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро пайдо карданд.

Мунтахаби Узбекистон ба Ҷоми Осиё-2022 ба ҳайси мизбон роҳхат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG