Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ ҷузъиёти таҷовуз ва қатли духтари 9-соларо шарҳ дод


Рустам Болтахонов ҳангоми эълони ҳукм. Акс аз додгоҳи вилояти Хатлон

Додситонии кулли Тоҷикистон тафсилоти таҷовуз ва қатли духтари 9-сола дар Хатлонро нашр кардааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон моҳи ноябр Рустам Болтахонов, як сокини ноҳияи Хуросонро барои бо фиреб таҷовуз намудан ва куштани як духтари 9- сола ба ҳукми абад маҳкум карда буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23-уми декабр дар хабарномае гуфтааст, ки Рустам Болтахонови 45-сола нимаи моҳи август духтари ноболиғро бо роҳи фиреб ба манзилаш овардааст. Ӯро таҷовуз мекунад ва духтар аз ҳуш меравад. Пас аз ба ҳуш омадан, духтар мегиряд ва мегӯяд, ки ин ҳолатро ба модараш нақл хоҳад кард. “Болтахонов бо мақсади фош нашудани ҷинояти содиркардааш ва руйпӯш намудани он, аз ҳолати оҷизонаи хурдсол истифода бурда, дар ҳуҷраи истиқоматиаш, бо дастонаш гулӯи хурдсолро буғӣ намуда, бо роҳи фишороварии роҳҳои нафасгирӣ охиринро ба марг расонида, ҷасади ӯро дар ҳавлии хонааш дар байни алафҳои худрӯй то шаб нигоҳ доштааст.”,--гуфта шудааст, дар хабарномаи Додситонии кулл.

Ҷасади ин кӯдакро дар ҷуйбори назди маҳалла пайдо кардаанд

Парвандаи ин мард дар додгоҳи Хатлон бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, “куштори инсон”, “таҷовуз ба номус”, “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” баррасӣ шудааст.

Аз ин пеш, як манбаъ гуфта буд, ки ин мард ҳама амалҳои худ бо духтари ноболиғро дар телефон сабт кардааст. Ин навор ҳамчун далел дар парванда истифода шудааст.

Ба гуфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон, Болтахонов ин ҷиноятро дар ҳолати мастӣ содир кардааст. Ӯ ба ин духтари хурдсол 10 сомонӣ ва ширинӣ додааст, то ба манзили ӯ ворид шавад.

Назари волидони духтари ноболиғ маълум нест. Пайвандони маҳкумшуда низ дар ин бора назар надодаанд.

Моҳи октябр Додгоҳи олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоев, сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакиро бо айни чунин иттиҳом ба ҳукми абад маҳкум карда буд.

Ӯ дар таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола айбдор мешуд.

Руфайда Иноятова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, тобистони имсол аз назди манзилашон нопадид шуд ва пас аз як рӯз ҷасади порашудаи ӯро аз ҳоҷатхонаи ҳамсоя ёфтанд.

Қатли Руфайда вокунишҳои зиёди намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард ва онҳо талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон дар кишвар пурзӯр карда шавад.

Дар ин миён баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, афроде, ки ба таҷовуз ва куштори ноболиғон даст мезананд, бояд ба қатл маҳкум шаванд. Бархе дигар гуфтанд, бо баҳонаи қатли ноболиғ бозгардондани ҳукми қатл ба кишвар дуруст нест ва мақомот бояд роҳҳои дигари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.

Омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидани фарзандонашон расман шикоят мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG