Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макон ва замони баргузории бозиҳои дуюм ва сеюми ИДМ муайян шуд


Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил макон ва замони баргузории бозиҳои дуюм ва сеюми ИДМ-ро муайян кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод дар паи натоиҷи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро хабар дод.

"Бозиҳои II соли 2023 дар Беларус баргузор мешавад. Макони баргузории Бозиҳои III дар соли 2025 Озарбойҷон хоҳад буд", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҷаласаи шӯро, ҳамчунин масъалаи баргузории мусобиқоти варзишӣ таҳти сарпарастии Иттиҳод – мусобиқоти қаҳрамонӣ ва ҷомҳои ИДМ оид ба баъзе намудҳои варзиш баррасӣ шуд.

"То имрӯз тартиби ягонаи додани ҳуқуқи баргузории чунин мусобиқаҳо, талабот нисбат ба ташкилкунандагон ва шартҳои баргузории онҳо вуҷуд надорад. Дар ҷаласаи Шӯро тасмим гирифта шуд ба гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ва баргузории бозиҳо супориш дода шавад, ки кишварҳои ИДМ то 1-уми июни соли 2022 лоиҳаи низомнома дар бораи чемпионатҳо ва ҷомҳои ИДМ аз рӯи намуди варзишро таҳия кунанд», - гуфта мешавад дар хабари хадамоти матбуотӣ.

Ёдовар мешавем, дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки моҳи сентябри имсол дар шаҳри Қазони Тотористони Русия баргузор шуд, Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон дар байни 9 кишвари ширкаткунандаи бозиҳо ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ беш аз 1100 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Синну соли варзишгарон аз 14 то 23-сола буд. Онҳо барои 182 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 11 иншооти варзишии Қазон аз рӯи 16 намуди варзиш мубориза бурданд.

Баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 215 медал, аз он ҷумла 114 нишони тилло, ҷойи аввалро азони худ кард.

Узбекистон бо касби 91 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дуюм ва Қазоқистон бо касби 106 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб карда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Намояндагони се кишвар – Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова –натавонистанд медали тилло бигиранд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойи охиринро соҳиб шуд. Зимнан, дар ин Бозиҳо Туркманистон иштирок накард.

XS
SM
MD
LG